Такмили маърифат – асоси фаъолият1-08-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 182 нафар
Назарҳо: 0
Дар маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон раиси ҳизб Каромат Қосимова ёдовар шуд, ки Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар нимсолаи якуми соли 2016 аз рӯи нақшаи кории солонаи худ фаъолияташро идома дода, аъзоёни ҳизб дар чорабиниҳои сатҳи шаҳрӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар ин давра Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб оид ба тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳо тартиб дода, дар 6 Ҷамоати шаҳракҳо ва маркази шаҳр маҷлису вохӯриҳо гузаронид. Нуруллоҳ Оқилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои ҷудогонаи ин санади муҳимро ба шаҳрвандон шарҳ дод.
Дар Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар нимсолаи якуми соли 2016 як маҷлиси комиҷроия ва 2 маҷлиси Раёсат гузаронида шуд. Дар ин муддат ба қабулгоҳи ҷамъиятӣ аз ҷониби шаҳрвандон 18 шикоят ворид шудааст, ки ҳамаи онҳо ба таври қаноатбахш ҳалли худро ёфтанд. Дар шаҳр то 1 июли 2016 35 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият бурда, дар онҳо 3257 нафар аъзои ҲХДТ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 1672 нафар занон ва 1276 нафар ҷавонон мебошад. Тайи 6 моҳи соли ҷорӣ 170 нафар ба узвияти ҳизб қабул ва 2 ташкилоти нави ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд. Баробари ин Каромат Қосимова баргузории чорабиниҳои муҳими соли равонро як навъ санҷиши кору фаъолияти аъзои ҲХДТ чун нерӯи пешбаранда ва ояндасози ҷомеа арзёбӣ намуда, аз ҳозирин тақозо кард, ки дар атрофи сиёсати раҳнамунсози Раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, баҳри рушду нумӯи кишвар саҳми назаррас дошта бошанд. Баъдан раисони ташкилотҳои ибтидоии Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Сафар Нурматов, беморхонаи шаҳраки Консой Мирзомат Назмиддинов ва маркази тарбиявии назди шуъбаи маориф Нориниссо Қаҳҳорова ба музокира баромаданд. Иштирокдорони ҷаласа нақшаи фаъолияти КИ шаҳрии ҲХДТ-ро барои нимсолаи дуюми соли 2016 тасдиқ ва рафти иҷрои “Обуна - 2017” ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”-ро мавриди ҳаллу фасл қарор доданд. Қарори ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ тасдиқ карда шуд. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода роҷеъ ба дастовардҳои ҳизб ва омодагиҳо ба ҳумоюнҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зад. Дар суханронии худ мудири шуъбаи таблиғотии дастгоҳи КИ вилоятии ҲХДТ Фирдавс Ҳоҷиев қайд кард, ки аз гузориши раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ маълум шуд, ки дар ин муддат корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Кӯшиш бояд кард, ки ба сафи ҳизб бештар ҷавонони донишманд ҷалб карда шаванд, теъдоди аъзоён зиёд ва обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ то ҷашни Истиқлолият анҷом ёбад, - гуфт ӯ. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.