ҲНИТ ва ҳаммаслаконаш хоҷагони хешро ошкор намуданд15-08-2017, 08:41
Хабарро хонданд: 215 нафар
Назарҳо: 0
ФАЙЗОБОД, 1/АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи доир кардани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд тан аз аъзои фаъоли гурӯҳи ҷиноятпешаи махсусан хатарнок- Абдуллоев Рустам Гурезович, Ашрапов Тағоймурод Сироҷович ва Қудратов Саймуҳриддин Муҳибуллоевичро муайян ва дастгир намуданд. Ин гурӯҳи ҷиноятпеша бо дастури Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим ва сармоягузории «хоҷагон»-и хориҷиашон дар охири солҳои навадум зиёда аз 13 нафар чеҳраҳои саршиноси тоҷик ва 20 афсари қисми ҳарбии Дивизияи 201-уми Россияро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидаанд. Сокинони ноҳияи Файзобод ин амалҳои ҷинояткоронаи аъзои ҳизби наҳзати исломии террористиро маҳкум намуда, аз ҷавонони ҷумҳурӣ даъват ба амал меоранд, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, Тоҷикистонро аз чунин ҷинояткорону хоҷагонашон ҳамчун гавҳараки чашм муҳофизат намоянд. Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Файзобод Ҷунайдулло Каримов дар робита ба ин амали нангин гуфт: «Аз нигоҳи мантиқ амалҳои террористии ин гурӯҳи ҷиноятпеша бо хоҷагонашон хилофи ҳама гуна пиндори нек ва хиради азалии инсонӣ буда, ба хеҷ ваҷҳ қобили дарк ва бахшиш нест. Зеро амале, ки ба халалдор намудани фазои ҳамзистии осоиштаи аҳли ҷомеа нигаронида шудаву пайомади он ба ҷуз ҳалокати одамони бегуноҳ чизи дигаре нест, танҳо аз ҷониби афроди ғаразпеша, бадният ва моҷароҷӯву даҳшатафкан содир мешавад. Хушбахтона, таърих бори дигар дар оинаи худ симои дӯсту душманони миллати тоҷикро маълум намуд. Ҷавонони баномуси тоҷик бояд нагузоранд, ки хоинон ниятҳои муғризонаи худро барои ноором кардани ватанамон амалӣ намоянд». |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.