Чорабиниҳои сиёсию фарҳангии «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Фархор16-06-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 246 нафар
Назарҳо: 0
![]() Аз ҷумла, дар деҳаҳои дурдасти ҷамоатҳои деҳоти ноҳия чорабиниҳои фарҳангию солимгардонӣ таҳти унвони «Корвони Ваҳдат» аз 7 июн то 21 июни соли ҷорӣ, дар маркази шаҳраки ноҳия чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми Ваҳдат» аз 7 июн то 26 июни соли ҷорӣ аз тарафи ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия рафта истодаанд. Инчунин, озмуни фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Пайванди оила бо Ватан» бо ҷалби оилаҳои намунавии деҳот ва баргузории вохӯрию мулоқотҳо бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар мавзӯи «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи сиёсӣ ва пойдории Ваҳдати миллӣ» аз 6 июн то 25 июни соли равон дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия рафта истодаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.