Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тақвияти робита бо маҳал – ҳадафи асосии сохторҳои ҳизбӣ дар соли 2018

Тақвияти робита бо маҳал – ҳадафи асосии сохторҳои ҳизбӣ дар соли 2018

22-01-2018, 11:56
Хабарро хонданд: 212 нафар
Назарҳо: 0
Тақвияти робита бо маҳал – ҳадафи асосии сохторҳои ҳизбӣ дар соли 2018
БОХТАР. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бохтар аз фаъолияти худ дар соли 2017 натиҷагирӣ намуд.
Нахуст, пеш аз оғози маҷлиси ҷамъбастӣ дар маркази ноҳияи Бохтар бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагии занону бонувони ҳунарманду гулдасти ноҳия аз қабили гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, чакандӯзӣ, сабадбофӣ, атласбофӣ ва ғайраҳо ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода иштирок намуда, баҳри боз ҳам ривоҷу равнақ бахшидан ба ин касбу ҳунар ва омӯхтани он ба наслҳои оянда бо иштирокчиён суҳбат оростанд.
Сипас, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбастӣ доир гардида, дар оғози он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бохтар Мунаввара Сатторова вобаста ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва ташкилотҳои ибтидоии он дар соли 2017 дар назди иштирокдорон ҳисобот дод.
Тақвияти робита бо маҳал – ҳадафи асосии сохторҳои ҳизбӣ дар соли 2018
Сипас, Абдулло Раҳмонзода ба сухан баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бохтарро дар соли гузашта қаноатбахш арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, оид ба фаъолияти минбаъдаи ҳизбӣ дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои дарпешистода ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар робита ба эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли тақвияти робитаи ҲХДТ бо маҳал дар вилояти Хатлон дар назди сохторҳои ҳизбии ноҳия вазифаҳои мушаххас гузошт.
Инчунин, узви фаъоли ҲХДТ, муовини раиси ноҳияи Бохтар Дилафрӯз Шукруллозода оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат ва амалӣ намудани бандҳои он суханронӣ кард.
Ҳамзамон, барои фаъолияти босамари ҳизбӣ дар амалӣ сохтани Барномаву Оинномаи ҲХДТ 11 нафар ба Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуда, дар ин радиф ба иштирокчиёни чорабинӣ буклету адабиётҳои ҳизбӣ ва тақвимҳо дастрас карда шуд.
Тақвияти робита бо маҳал – ҳадафи асосии сохторҳои ҳизбӣ дар соли 2018
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: