Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВАҲДАТИ МО ТОҶИКИСТОНРО МУНАВВАР КАРДААСТ

ВАҲДАТИ МО ТОҶИКИСТОНРО МУНАВВАР КАРДААСТ

12-06-2018, 09:04
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0
ВАҲДАТИ МО ТОҶИКИСТОНРО МУНАВВАР КАРДААСТ

11-июни соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии «Муҳандис»-и Коллеҷи муҳандисӣ - омӯзгорӣ Конфронси илмӣ - назариявӣ бахшида ба 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро директори коллеҷ Алиев Алишер кушода, ҳозиринро бо рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, оид ба паҳлуҳои гуногуни Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ суханронӣ кард. Мавсуф қайд намуд, ки ҳар яки мо метавонем дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзи сулҳу суботи сиёсӣ ва пешбурди сиёсати пешрафтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссагузор бошем.
Дар конфронси мазкур Рудобаи Мукаррам - муовини Раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, намояндаи Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ иштирок ва суханрони намуданд.
ВАҲДАТИ МО ТОҶИКИСТОНРО МУНАВВАР КАРДААСТ
Рудобаи Мукаррам ба сухан баромада, зикр намуд, ки Ваҳдат - бехтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи Ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Маҳз бо кушиҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имруз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, Ваҳдату ягонаги сулҳу оромӣ падидор аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: