Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ШОГИРДИ «ПИФАГОР» «УСТОДИ АРИФМЕТИКАИ ЗЕҲНӢ» ГАРДИД. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналхалқии арифметикаи зеҳнӣ мақоми аввал гирифтанд

ШОГИРДИ «ПИФАГОР» «УСТОДИ АРИФМЕТИКАИ ЗЕҲНӢ» ГАРДИД. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналхалқии арифметикаи зеҳнӣ мақоми аввал гирифтанд

6-06-2018, 09:14
Хабарро хонданд: 169 нафар
Назарҳо: 0
ШОГИРДИ «ПИФАГОР» «УСТОДИ АРИФМЕТИКАИ ЗЕҲНӢ» ГАРДИД. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналхалқии арифметикаи зеҳнӣ мақоми аввал гирифтанд
Июнь 6, 2018 08:34

ДУШАНБЕ, 06.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 22 нафар тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор» — и шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналхалқии арифметикаи зеҳнӣ, ки 2-3 июни соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор шуд, иштирок намуда, соҳиби мақоми аввал гардиданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, олимпиадаи мазкур байни 4 давлат — Россия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо шумули 66 шаҳрҳои ин мамлакатҳо доир гардида, тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор» бо гирифтани 5 Ҷом ва 18 мақоми якум ба нишондиҳандаи олитарини олимпиада муваффақ гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, дар олимпиадаи байналхалқӣ 20 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Хуҷанд ва 2 нафар хонандагони мактабҳои шаҳри Бӯстон иштирок намуда, 18 нафари онҳо, ки аз 6 то 15-солаанд, ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд.

Хонандаи синфи 8-и литсейи №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд Ғайрат Усмонов дар олимпиадаи мазкур 210 адад мисолро давоми 25 дақиқа ҳал намуда, ба унвони «Устоди арифметикаи зеҳнӣ» комёб гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: