
Бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Точикистон дар варзишгоҳи марказии як тантанаи бошукухе доир гардид. Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам, намояндаи МИҲД-и вилоят, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту корхонаҳо ва гуруҳи зиёди ҷавонон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд. Чорабинии мазкурро Раиси ноҳия Р.Ҷӯразода ифтитоҳ намуда, кулли ҷавонони шарафманди ноҳияро табрику муборакбод кард. Дар суханронӣ қайд гардид, ки ҷавонони ноҳия дар пешбурди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми босазое доранд. Намояндаи МИҲД-и Темур Нуъмонзода табрикоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба саъми ҳамагон расонид.
Ҳамзамон Раиси ноҳия як қатор ҷавонон бо Сипосномак, Ифтихорнома ва Раҳматномаҳо қадршиносӣ намуд. Баҳри болидахотирии сокинон ва ҷавонон барномаи фарҳангии аҳли санъати ноҳия пешкаш карда шуд. Ҷавонони ноҳия аз ин иқдом басо шод гардида, руҳияи тозаи идонаро ба худ касб намуданд.
Лоиқ Тӯйчиев мутахассиси шуъбаи таблиғоту иттилооти КИҲХДТ н.Деваштич