Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Муборизаи мо зидди ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро.

Муборизаи мо зидди ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро.

8-12-2016, 09:29
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
 Муборизаи мо зидди ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро.
Дирўз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи давлатии ноҳияи Деваштич шӯрои ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо иштироки Раиси ноҳия, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич муҳтарам Ҷӯразода Рустам Боймурод, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо иштирок намуданд. Дар Шӯро яке аз мавзӯъҳои доғи рӯз-шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мавриди баррасӣ қарор гирифт. Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Девартичро Ҷӯразода Рустам Боймурод ифтитоҳ намуда қайд кард, ки яке аз масъалаҳои доғи рӯз ин шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои манъшудаи терорристию экстремистӣ буда тамоми ҷомеаи моро нигарон намуда истодааст.

 Муборизаи мо зидди ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро.
Назди ҳозирин Прокурори ноҳияи Деваштич, мушовири адлияи дараҷаи аввал Талбакзода Дилшод Саид доири ин мавзӯъ баромад намуда, оиди пешгирӣ ва ошкоркунии шомилшавии шаҳрвандон ба гуруҳҳои терорристию экстремистӣ, фарогири ҷавонон ба корҳои ба ҷамъият фоиданок, таҳсил ва дигар омилҳои ба раванди психологии ҷавонон мусбӣ таъсиркунанда дар ҳудуди ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли равон сухан ронда, қайд намуд, ки дар ҳудуди ноҳия бояд дар ин самт корҳо ҷоннок карда шаванд. Азбаски дар соли гузашта 2 адад ин намуди ҷиноят дар ҳудуди ноҳия ба қайд гирифта шуда, дар соли 2016 дар ҷамоатҳои деҳоти Ғазантарак 3 адад ва Исмоили Сомонӣ 1 адад ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамаи ин ҷиноятҳо аз паст будани сатҳи донишу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нишона буда, дар ин бобат аҳли ҷамоатчигӣ, алалхусус волидайн, шӯъбаҳои мақомоти маҳаллӣ, кумитаҳои маҳалла, мактабу муассисаҳои таълимӣ корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоянд. Шӯрои ҳамоҳангсози таклифу дархостҳои мушаххас доири боз ҳам беҳтар намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар маҳалҳо, дар мадди аввал будани ҳушёриву зиракии мардумро бори дигар собит намуд.

Лоиқ Тӯйчиев мутахассиси бахши таблиғоту иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: