Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Кемерово "Зимняя вишня"-ро аз байн мебаранд

Дар Кемерово "Зимняя вишня"-ро аз байн мебаранд

16-05-2018, 09:35
Хабарро хонданд: 121 нафар
Назарҳо: 0
Дар Кемерово "Зимняя вишня"-ро аз байн мебаранд

Дар Кемерово рӯзи сешанбе ба тахриби бинои оташгирифтаи маркази тиҷории "Зимняя вишня" шуруъ карданд. Дар ин бора расонаҳо хабар медиҳанд.

Тасмим дар мавриди тахриби бино баъд аз чанд рӯзи оташсӯзӣ гирифта шуд, аммо ҷараёни тахриби бино танҳо имрӯз шуруъ гардид.

Сергей Сивилев, иҷрокунандаи вазифаи губернатори вилояти Кемерово мегӯяд, нахуст онҳо масъалаи ҷуброни саҳҳомони маркази тиҷориро ҳал карданд. "Ин ҷо се гуруҳи саҳҳомон ҳастанд: қисми асосӣ, ки онҳо аллакай аз даъвояшон гузаштанд, ду гуруҳи дигар, ки бо онҳо гуфтугӯ идома дорад", - гуфт Сивилев.

Ҳамаи харҷи тахриби биноро моликони маркази тиҷорӣ пардохт мекунанд.

Кумитаи тафтишотӣ ҳабси бинои "Зимняя вишня"-ро бекор кард, аммо пажуҳиш дар ҷои ҳодиса ҳанӯз тамом нашудааст.

Оташсӯзӣ дар маркази тиҷории мазкур 25 март рух дод. Бино бар иттилои расмӣ, дар ин ҳодиса 60 тан ҳалок шуданд, ки 40 нафарашон кӯдакон буданд. Мақомот гуфтанд, сабаби сӯхтор ба ҳам расидани ноқилҳои барқ буд. Дар доираи парвандаи сӯхтори бинои мазкур ҳашт гумонбар боздошт шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: