
Ин ду ҷавонеро,ки чеҳраашонро мебинед, яке Фарзон ва дигаре Хуршед ном доранд ва дар мағозаи пояфзоли маркази савдои “Зимней Вишни”-и шаҳри Кемерово кор мекунанд. Хуршед ба ҳайси савдогар ва Фарзон ба сифати муҳофизатчӣ тули чанд сол боз дар ин марказ фаъолият доранд.
Дар сӯхтори мудҳиши ба амал омада онҳо тавонистанд, ки бо қӯмаки худ зиёда аз 50 нафар шаҳрвандони байни сӯхтор мондаро наҷот бахшанд.
“ Мағозаи мо дар ошёнаи якум ҷойгир буд-мегӯяд Хуршед- ва ҳангоме, ки мо дар ошёнаи дуюм дуди зиёд ва оташро дидем, зуд ба кӯмаки одамони дар он ҷо банд шуда баромадем ва то омадани сӯхторхомушкунандагон зиёда аз панҷох нафарро берун баровардем”.
Мутаассифона дар ин бора то дирӯз тамоми расонаҳои хабарии Руссия хабареро паҳн накарда хомуш буданд