Тоҷикистон макони ором ва сайргоҳи оламиён8-05-2018, 09:52
Хабарро хонданд: 118 нафар
Назарҳо: 0
ҲАМАДОНӢ. Дар деҳаи Ориён ва Меҳрвари ҷамоати деҳоти Чубек кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия бо иштироки Гадоӣ Сайдалиев, Сафаралӣ Мусофиров ва Фирӯз Пиров вохӯрӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ, экстремистӣ инчунин, маҳкум намудани ҳисси бегонапарастӣ, дур шудан аз тақлид ба либоси ғайр, риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ карданд. Аз деҳаи Меҳрвар 15 нафар ва аз деҳаи Ориён 13 нафар барои шомил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуданд. Дар охир дар деҳаҳои мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии навтаъсис бо маводҳои таблиғотӣ, аз ҷумла китоби тозанашри Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон «Каъбаи умеди мо халқ асту бас!» дастрас карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.