
ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Президенти Кореяи Ҷанубӣ Мун Чжэ Ин роҳбари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея Ким Чен Инро имрӯз соати 09:00 (ба вақти маҳаллӣ) дар хати ҳарбӣ-демаркатсионӣ пеш аз оғози саммити сеюми байникореягӣ пешвоз мегирад. Дар ин бора «РИА Новости» бо такя ба роҳбари маъмурияти президенти Кореяи Ҷанубӣ Лим Чжон Сок хабар медиҳад.
Ӯ зикр кард, ки сарони давлатҳо дар минтақаи дифои муштараки Пханмунҷо вохӯрӣ мекунанд.
Оғози мулоқот соати 10.30 дар гӯшаи «Хонаи сулҳ» дар қисмати ҷанубии минтақаи беяроқ кардашуда ба нақша гирифта шудааст.