Қадрдонии бонувон-ихтироъкорони тоҷик дар Кореяи ҷанубӣ21-06-2017, 09:10
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
Дар арафаи 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар фазои идонаи ҷумҳурӣ боз як рӯйдоди фараҳбахш ба вуқуъ пайваст. Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 10 –умин намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ки аз санаи 8 то 13 июн дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор гашт, 6 адад ихтироъи бонувон-ихтироъкорони ҷумҳуриро пешниҳод, намуд ки аз ҷониби Кумитаи тадорукот, бо чаҳор медал, тилло (1 адад), нуқра (2 адад) ва биринҷӣ (1 адад) қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, Зубайдова Тоҷиниссо барои ихтирооти “Маводи Ферубет, ки таъсири глюкозапасткунанда дорад” ва “Чойи оромкунандаи «Денисенко»”, соҳиби медали тилло, Раҳимова Робия барои ихтироъи “Албцинкати дорои фаъолияти зиддигиҷҷавӣ” соҳиби медали нуқра, Ёрмамадова Саврибегим барои ихтироъи “Дибацинкати дорои фаъолияти зиддизанбуруғӣ” соҳиби медали биринҷӣ ва Карим-зода Гуландом барои ихтирооти“Тарзи барқарорсозии тендонҳо ҳангоми оқибатҳои осеббинии тори асаби улнар” ва “Тарзи бо ҷарроҳӣ табобаткунии дараҷаи вазнини контрактураи Фолкман” соҳиби медали нуқра “ва сазовори “Гран-при” озмун гардид. Ин соли шашум аст, ки ихтироъи бонувони тоҷик дар намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад қадрдонӣ карда мешаванд. Дар намоишгоҳ ва Форуми мазкур аз 30 давлат ҷаҳон, 500 нафар бонуво-ихтироъкорон, ихтироотҳои худро ба намоиш гузоштанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.