САРЧАШМАИ ПАЙРАВӢ БА ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ26-03-2018, 10:14
Хабарро хонданд: 182 нафар
Назарҳо: 0
Соҳиби истиқлолияти давлатӣ гаштани кишвари мо боиси ифтихор ва қаноатмандии мардуми ватанпарвар, миллатдўст гашта, дили дўстонро шод карда бошад, дар як вақт доираҳои муайянро ба таҳлука ва хавотирӣ андохт. Ин доираҳо тасмим гирифтанд бунёди боз як давлати озодро, ки аз рўзҳои аввали мавҷудият ҷонибдории худро аз демократия, сулҳ, адолат эълон дошта, ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ, ҳуқуқҳои инсон, ҳамдигарфаҳмию ҳамкориро ҳадафҳои сиёсати худ эълон намудааст, халалдор созанд. Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд «бунёдгароёни исломии дунёи муосир мавқеи бисёр ҳассоси сиёсии Тоҷикистонро ба ҳисоб гирифта, ҷумҳурии моро ба ҳайси размгоҳи интишори он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ интихоб карданд». Ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ натиҷаи ҳамин нотавонбинӣ гардид ва ба сари аҳолии мо фоҷиаҳои бисёр овард, ки калонсолон аз он ба хубӣ огоҳ мебошанд. Бояд қайд намуд, ки баъди ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар баробари равандҳои мусбату мўътадил ва табиии ҳаёти динӣ – маънавӣ, инчунин ба андозае зуҳуроти манфӣ ва номатлуби ғояҳои ифротгароӣ ҳам падид меомаданд, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири худро гузоштанд. Манбаи ин ғояҳоро асосан дар хориҷи кишвар бояд ҷуст. Кўшиш менамоем чанде аз онҳоро ба маърази таваҷҷўҳ гузорем: Манбаи якўм, ҷараёни бо шиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) мебошад, ки олами моро тағйир медиҳад, дар баробари ҷиҳатҳои мусбӣ доштан, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф сохта, то ҳатто тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи ин раванд на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Эътироф бояд намуд, ки ин омил боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ мегардад. Дар ин маврид нақши сўзандаи интернет ва дигар технологияи муосири иттилоотиро низ дар назар бояд дошт. Манбаи дуюм: теъдоди зиёди ҷавонони дар кишварҳои хориҷӣ таҳсилкунанда. Солҳои 90-уми асри гузашта мардум бо димоғчоқии (эйфорияи) аз истиқлолият ангезишгирифта фарзандони худро расмию ғайрирасмӣ ба мактабҳои динии кишварҳои исломӣ, дар навбати аввал ба Арабаистони Саудӣ ва Ҷумҳуриҳои Исломии Покистону Эрон ба таҳсил мефиристоданд. Дар ин мамолик бархе аз ин ҷавонони аз таҷрибаи рўзгор бехабар бо сабабҳои гуногун зери таъсири доираҳои тундрав ва террористӣ афтоданд ва ақидаи ин гурўҳҳоро вориди кишвари мо сохтанд. Бархе аз он «муҳассилин» бошуурона бо ҳамон қувваҳо гаравиданд ва ўҳдадор шуданд, ки ба тарғиби ғояҳои онҳо хизмат хоҳанд кард. Яке аз сабабҳои паҳн гардидани ақидаҳои салафиро аз ҳамин омил бояд донист. Манбаи сеюм – маҳаллӣ: аз худ мусалмони ашадӣ тарошидани аксари кулли сокинони ин ё он маҳал мебошад. Дар натиҷаи чунин муносибат дар ҳаёти оилавӣ ҷои арзишҳои дунявиро ҷаҳолати динӣ, ҷои зиндадиливу нашъаи зиндагиро маъюсию худдории зараровар гирифта истода буд, бо кўшиши аҳлонаи ҷомеа пешгирӣ гардид. Манбаи чорўм: хизмати сохтакоронаи доираҳои алоҳида, хусусан ашхоси мансуб ба тиҷорату соҳибкорӣ. Мушоҳидаҳои вақт нишон доданд, ки ин тоифа муқаррароти конститутсионӣ ва талаботи қонунҳои амалкунандаро дар бораи озодии виҷдон сарфи назар намуда, гўё барои хизмат ба ислом ва тарғиби диндорӣ аксаран аз усулҳои мамнўъ истифода мебурданд. Дар хотир дорем он рўзҳоеро, ки соҳибкор барои дар бозор ҷои савдо додан, соҳиби ошхона барои ба кор қабул намудан намозхонӣ, ришмонӣ, сатаргириро шарт мегузошт. Манбаи панҷўм: фаъолияти ҳизби динӣ дар фазои давлати дунявӣ. Мулоҳизаронӣ вобаста ба вазъи диниву сиёсии ҷомеа бе баррасии фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар имконнопазир аст. Роҳбарияти ин ҳизб, ки бо шарофати истиқлолият ва кафолатҳои конститутсионӣ расман ба қайд гирифта шуда буду озодона дар қаламрави кишвар амал мекард, дар фаъолияти худ аз доираи ваколатҳо баромада, фазои сиёсии ҷомеаро халалдор месохт. Дар мавриди ба ҳисобгирии аъзогӣ ба ҳизб роҳбарияти он ба тақаллубкории рўйрост даст зада бошад, бо даъвои соҳибият ба дини ислом аз номи кулли мусалмонон баромад намуда, ҳуқуқи шаҳрвандонро нисбат ба эътиқод ва аъзогӣ ба ҳизбҳо поймол менамуд. Мавриди қаноатмандист, ки даъво бобати намояндаи ягонаи ислом будани ин ҳизб ба нафсонияти ходимони аслии дин расид. Аз ҷониби онҳо рўйрост эълон карда шуд, ки дини ислом ба ҳимоят аз ҷониби ягон ҳизб эҳтиёҷ надорад ва мусалмонон новобаста аз ақидаҳои ҳизбию сиёсӣ эътиқоди динии худро соҳиб мебошанд. Ин андешаҳоро имомхатибони шаҳри Исфара алакай ибтидои соли 2013 рўйрост, ҳангоми сафари роҳбари ҳизби наҳзат М. Кабирӣ ба ў изҳор намуданд. Шўрои уламои дини вилояти Суғд ҳам дар ин бобат мавқеи устувор ва собитқадамона дошт ва дорад. Ҳамагон огоҳанд, ки дар ниҳояти кор роҳбарони ин ҳизб ба хиёнаткорӣ ба манфиати давлату миллат даст заданд, ки дар кўшиши табаддулоти давлатии Ҳоҷӣ Ҳалим (сентябри соли 2015) ифодаи худро ёфт ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизби мазкурро ҳамчун ҳаракати экстеримистию террористӣ манъ намуд. Манбаҳои номбашудаи паҳншавии ғояҳои бегона дар кишвар моро водор менамоянд, ки дар шуури мардум ҷойгир намудани моҳияти дунявии давлатдории имрўза ва дар чорчўбаи Конститутсияи кишвар ва қонунҳои амалкунанда сурат гирифтани ҳамагуна фаъолияти ҷамъиятӣ чун тақозои ҷомеадорӣ дар ин маврид аҳамияти хоса пайдо кардааст ва тибқи ин талабот корҳо бояд роҳандозӣ шаванд. Абдуҳаким Шарипов - дотсенти ДДҲБСТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.