Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ МАРДӢ

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ МАРДӢ

22-03-2019, 10:43
Хабарро хонданд: 226 нафар
Назарҳо: 0
ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ МАРДӢ
Дасти ёрӣ расонидан ба нафари ниёзманду муҳтоҷ аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ буда, ин амали савобу инсонгароёна солҳои охир аз ҷониби нафарони хайрхоҳу накӯкор зиёд шуда истодааст. Бояд гуфт, ки дар саргаҳи ин амали шоиста Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд. Мо худ бо чашми ҳақбин дида истодаем, ки Сарвари давлат зимни сафари корӣ ба ин ё он минтақа дар баробари ифтитоҳи корхона ё муассиса, ҳатман аз вазъи зиндагии кӯдакони ятиму бесаробонмонда ошноӣ пайдо мекунанд ва бо суханони нарм онҳоро ба зиндагӣ дилгарм менамоянд.
Дар сиёсати маънавибунёди Сарвари давлат фароҳам овардани зиндагии шоиста дар мадди аввал қарор дорад. Дар Паёми имсола низ ин нукта дар меҳвари суханронии Пешвои муаззами халқ қарор дошт. Ҳамзамон дар барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омадааст, ки бо мақсади амалӣ гардонидани тадбирҳои муассир доир ба муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як шаҳрванд ва инкишофи озодонаи ҳар як фард тамоми кӯшиш ва нерӯро истифода бурд.
Мутаассифона, бо вуҷуди ғамхориҳои давлат ва Ҳукумат бинобар бетарафӣ зоҳир намудани аҳли ҷомеа нафароне ёфт мешаванд, ки дар зиндагӣ раҳгум задаанд. Дар кӯчаву хиёбонҳо дидани лӯлиёни талбанда як чизи муқаррарист, аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз шумори талбандагон теъдоди сокинони маҳаллӣ низ ба чашм мерасад.
Чанд моҳ пеш аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон шаҳр дар роҳрави зеризаминии шаҳр писаракеро вохӯрданд, ки бо вуҷуди фасли сард будан дар кӯчаву хонаҳои истиқоматашон нотамом зиндагӣ мекард. Маълум шуд, ки ӯ аз падар ятим мондаасту модараш дубора шавҳар кардааст. Азбаски шавҳар майпараст будааст, ӯро дар вақти мастӣ бисёр мезадааст ва наврас маҷбур мешавад, ки аз хона гурезад. Ҳоло ин кӯдак бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кумиҷроияи шаҳрии ҳизб дар мактаб-парваришгоҳи шаҳри Бӯстон истиқомат ва таҳсил дорад.
Дирӯз аснои харид дар мағозаи «Анис»-и шаҳр кормандони кумиҷроияи ҳизбӣ мардеро дучор шуданд, ки ба назар ғамгину парешон менамуд. Аз чеҳрааш маълум, буд, ки бемор аст. Чун сабаби талбандагиашро пурсон шуданд, айён гардид, ки ин мард Қодиров Ҳақназар Абдулхайевич ном дошта, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, совхози Киров мебошаду се моҳ пеш ба хотири дарёфти кор ба вилояти Суғд омада, бинбар ба бемории фишори хун гирифтор шудан, кор карда натавонистааст. Барои рафтан ба зодгоҳи худ маблағ ҳам надошааст. Хостааст бо талбандагӣ роҳкиро ғун намуда, ба пеши фарзандонаш баргардад.
Бо мусоидати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ин шахс тариқи нақлиёти кироя ба шаҳри Бохтар фиристода шуд. Ӯ аз ин амали хайрхоҳонаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки маҳз сиёсат оқилонаи Сарвари давлат муносибату муоширти сокинонро нисбати нотавонон ва дасткӯтоҳон куллан дигар шудааст. Ба гуфти ӯ дар кишвар ягон нафар хору залил нест, зеро ҳама аз як гиребон сар бароварда, ташаббусҳои созандаи Пешвои миллатро дастгирӣ менамоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: