Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Гар дасти фитодае бигири мардӣ

Гар дасти фитодае бигири мардӣ

25-08-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 243 нафар
Назарҳо: 0
Гар дасти фитодае бигири мардӣ


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри донишомӯзии мактаббачагон тамоми шароитҳоро фароҳам оварда истодааст.

Бо ин мақсад Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ҷиҳати дастгирӣ намудани ятимону эҳтиёҷмандон аксияи «Мактаб-даргоҳи маърифат»-ро доир намуда, бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2016-2017 ба 12 нафар ятимони эҳтиёҷманд маводҳои таълимӣ туҳфа намуд. Бояд ёдовар шуд, ки дар рафти туҳфасупорӣ ба мактаббачагони эҳтиёҷманд Фирўза Шарифӣ, мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони дастгоҳи марказии ҲХДТ низ иштирок намуд.

Мавриди зикр аст, ки мактабу маориф яке аз соҳаҳои пешбарандаи ҷомеаи солими имрӯз аст. Даврони истиқлолият аст, ки насли навраси тоҷик дар мактабҳои замонавию бо техникаҳо муҷаҳҳазонидашуда, дар синфҳои барҳаво таълиму тарбия гирифта истодаанд. Ҳар як фарди солимро лозим аст, ки барои тарбияи насли наврас ҳиссагузор бошад.

Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид кардаанд, ки насли наврас созандагони ҷомеаи солим ва ояндаи дурахшони миллат ҳастанд ва таълиму тарбияи онҳо вазифаи муқаддаси падару модар, ҷомеа ва давлат мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: