Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Муаррифии китоби «Мероси фарҳанги ғайрмоддии тоҷикон» дар сафорати Амрико

Муаррифии китоби «Мероси фарҳанги ғайрмоддии тоҷикон» дар сафорати Амрико

25-02-2018, 16:47
Хабарро хонданд: 190 нафар
Назарҳо: 0
Муаррифии китоби «Мероси фарҳанги ғайрмоддии тоҷикон» дар сафорати Амрико
Дар Сафорати Амрико дар Тоҷикистон вохӯрии муаллифони китоби «Мероси ҳунарҳои ғайрмоддӣ дар Тоҷикистон» бо намояндагони сафорат баргузор гардид. Суҳбати гарму саммимӣ миёни сафири тозаинтихоби Илоёти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Кевин Коверт бо пажӯҳишгарони ҳунарҳои мардумии тоҷик раду бадал шуд. Китоби мазкур дар натиҷаи таҳқиқоти олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот буда, бо дастгирии молиявии Маркази мероси фарҳанги ғайрмоддии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ICHCAP) ба табъ расидааст. Дар китоб унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷикон дар ҳафт бахш тасвир ва тавсиф шуда, бо аксҳои тозаву ҷолиб ороиш ёфтааст.
Баъд аз вохӯриву суҳбат ва муаррифии китоб маълум шуд, ки намояндагони сафорат ин иқдомро хуб арзёбӣ карда, ба саъю кӯшиши муаллифон барои ба табь расондани чунин китоб баҳои баланд доданд. Онҳо мегӯянд, ки халқи тоҷик ҳақиқатан ҳам ҳунари асили худодод доранд, ки бояд аз ин ам бештар мавриди пажӯҳишу интишор қарор гирифта шавад. Дар охир маъсулини сафорат зикр карданд, ки барои омӯзишу баррасии паҳлӯҳои гуногуни фарҳангу ҳунарҳои мардуми тоҷик дастгирии минбаъдаи худро дареғ надошта, кӯшиш мекнунанд то ҳиавон барои мадади молиявӣ ба муҳаққиқон дасти ёрӣ дароз кунанд.

Гулҳаё Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: