Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ташкилоти ибтидоии нав бо номи “Ҳомии ваҳдат” таъсис дода шуд

Ташкилоти ибтидоии нав бо номи “Ҳомии ваҳдат” таъсис дода шуд

14-02-2018, 10:49
Хабарро хонданд: 213 нафар
Назарҳо: 0
Ташкилоти ибтидоии нав бо номи “Ҳомии ваҳдат” таъсис дода шуд
Рӯзи гузашта дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисон дар шаҳри Хуҷанд оид ба таъсис додани ташкилоти ибтидоӣ маҷлиси васеи аъзоёни ҳизб, ки дар Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳомии ваҳдат» фаъолият мебаранд, баргузор гардид ва дар маҷлис мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маҳмадсалим Ҳаитов ширкат варзид.
Маҳмадсалим Ҳаитов доир ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, тартиби таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҲХДТ ва қабул ба узвият тибқи оинномаи ҳизб сухан ронда, ғояҳо ва самтҳои асосии Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро шарҳу возеҳ дод. Инчунин, қайд карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон бо фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.
Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи кор ва макони истиқомати аъзоён созмон ёфта, аз тарафи кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ба расмият дароварда мешаванд.
Сипас, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои аъзоёни ҳизб дар назди Ташқилоти ҷамъиятии «Ҳомии ваҳдат» якдилона ташкилоти ибтидоии ҲХДТ бо номи «Ҳомии ваҳдат» ташкил карда шуда, Раиси ташкилоти ибтидоӣ А.Абдураҳмонов интихоб гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: