Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДАСТУРҲО БАҲРИ БЕҲБУДИИ ФАЪОЛИЯТ

ДАСТУРҲО БАҲРИ БЕҲБУДИИ ФАЪОЛИЯТ

16-06-2017, 13:06
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
ДАСТУРҲО БАҲРИ БЕҲБУДИИ ФАЪОЛИЯТ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таи 19 сол аст, ки фаъолият намуда, дастуру супоришоти роҳбарияти ҳизб ва иҷрои саривақтии қарорҳои Анҷуманҳо, маҷлисҳои кумитаи иҷроияи Марказию Вилоятии ҳизбро сармашқи кори худ медонад.
Боиси сарфарозист, ки гурўҳи кории дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати мудири шўъбаи ташкилӣ ва кор бо робитаҳои байналмилалӣ Аҳмадрафиқ Ҳомидов, раиси комиссияи тафтишотии дастгоҳи Кумиҷроияи Марказӣ Ҳусейн Ализода, аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.
Онҳо дар баробари омўзиши фаъолияти кории Кумиҷроияи шаҳрӣ инчунин, аз якчанд ташкилотҳои ибтидоӣ дидан намуда, раванди қабул ба сафи ҳизб, низоми ҳуҷҷатгузорӣ, баргузории ҷаласаҳои ҳизбӣ, рафти хонишҳои сиёсиро мавриди санҷиш қарор доданд.
Дар рафти санҷиш гурўҳи корӣ аз ҷумла, таҷрибаи ҷорисозии варақаи бақайдгирӣ ва аз нав бақайдгирӣ, ки бо иқдоми кумиҷроияи шаҳрӣ роҳандозӣ шудааст мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
Дигар аз нуктаҳое, ки дар рафти санҷиш баён гардид, ин баланд бардоштани масъулияти ҳар як нафар кормандон ҷиҳати кор бо аъзо мебошад.
Бо иштироки кормандони дастгоҳи кумиҷроияи шаҳрӣ ва ҳайати гурўҳи корӣ зимни як ҷаласа самтҳои минбаъдаи фаъолият муаяйну мушаххас гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: