Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳифзи марзу буми кишвар – рисолати шаҳрвандӣ!

Ҳифзи марзу буми кишвар – рисолати шаҳрвандӣ!

12-02-2018, 09:32
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
Ҳифзи марзу буми кишвар – рисолати шаҳрвандӣ!
«Дар рушду такомули ҳаёти иҷтимоӣ нақши ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷамъият хеле арзишманд мебошад. Ҳамасола моҳи феврал тибқи супоришу дастурҳои маънавиасоси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯриву мулоқотҳои афсарони Артиши миллӣ бо ҷавонони саодатманд дар ташкилотҳои ибтидоии кумитаи маҳаллаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, ки ҳадафи он баланд бардоштани маърифати ҳарбӣ – ватандӯстӣ, омодагии ҳамешагӣ баҳри ҳифзи марзу буми кишвари азиз маҳсуб меёбад, - мегӯяд дар баромади хеш роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» - и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов. – Ватан – Модар ва ҳифзи он бояд рисолати ҳамешагии мо бошад, зеро ба гуфтаи Ҳаким Фирдавсии бузург:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!»

Тадбири дар боло зикршуда, ин навбат дар кумитаи маҳаллаи «Хуҷанд» - и шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҳифзи марзу буми кишвар – рисолати шаҳрвандӣ!» баргузор гардид.
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур Мудири шӯъбаи кор бо занони КИШ ҲХДТ Зеварой Бобоева иштирок намуда, оид ба ҳифозати Ватан ғамхориҳои Ҳукумату давлатибрози ақида намуда, ҷонибдории хешро аз фаъолияти мунтазами Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан, Комиссириати ҳарбии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд изҳор намуд.
Бо баромади пурмӯҳтаво сардори зершӯъбаи сиёсӣ - тарбиявии қисми ҳарбии 3501 – и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон капитан Нурзод Маҳбуб ва капитани Комиссириати ҳарбии шаҳри Хуҷанд Мираков Мирзо маърӯза намуда ба, суолҳои иштирокчиёни чорабинӣ посухҳои мушаххасу судманд доданд.
Бояд қайд, ки дар ин чорабинӣ 5 нафар аз сарбозони қисми ҳарбии 3501 – и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳусниддин Мамадов аз ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд, Абдуллоев Раҳмоналӣ аз ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, Муродов Шарифхон аз ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, Тӯраев аз вилояти Хатлон, Шамсиддинов Султонхӯҷа аз ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо роҳбарии капитан Нурзод Маҳбуб – сардори зершӯъбаи сиёсӣ - тарбиявии қисми ҳарбии 3501 ширкат варзида аз ҳаёти сарбозии хеш хотираҳои воқеӣ маълумот доданд ва ҷавононро ба хизмати Модар – Ватан даъват намуданд.
Бо сухани ҷамъбастӣ Раиси ташкилоти ибтидоии кумитаи маҳаллаи «Хуҷанд» - и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ҳотамҷон Исмоилов баромад намуда, ба чорабинӣ ҳусни хотима бахшиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: