Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ПОЯИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ПОЯИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ

5-02-2018, 14:53
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ПОЯИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Оид ба корномаҳо, шуҷоату далерӣ ва дурнандешии ин абармарди тоҷик чӣ ба забони модарии мо ва чӣ ба забони мардумони гуногун асару матлабҳои илмию оммавӣ ва тасвирию тавсифӣ ва ёддошту адабномаҳо, ҳамчунин нигоштаҳои ситоишию қаноатмандӣ дар расонаҳои хабарии дохилию хориҷӣ ба нашр расидаанд. Қисмати зиёди ин маталабҳо кору пайкор ва фаъолияти серҷабҳаю серҷанбаи абармарди мардумиро аз мавқеъ ва нуктаназарҳои нав ба нав фаро гирифтаанд. Мунтаҳо, гумони ғолиб он аст, ки ҳанӯз ҳам сарнавишту кору пайкорҳои шабонарӯзии ӯ пурра ва мукаммалан ба риштаи тасвиру тавсиф кашида нашудаанд. Воқеият ин аст, ки ифода ва тасвиру тасаввури аслию усулии симою чеҳраи шахсияте, ки миллати дар таркиби абардавлат будаеву акунун соҳибистиқлолгаштаро, ки қаблан 5 империяро аз сар гузаронида буду ҳамагӣ ду даҳсола бештаре дар вартаи ҳалокат қарор дошт ва ин шахс на ин ки онро аз вартаи ҳалокату маҳвшавӣ наҷот дод, балки тавонист тамоми мардумро басичу муттаҳид намояд ва неруҳои ақлонию зеҳнии онро рӯ ба ҷониби халлоқияту созандагӣ нигаронад, кори саҳлу якдафъаинае нест ва солҳои мадид зарур аст то нақшу мақоми воқеии ӯ дар сафҳаи таърих ва миллату нажоди тамаддунофари тоҷику ориёӣ ба тариқи одилонаю мунсифона ва мукаммал тасвиру тасаввур карда шавад.
Сухан дар бораи шахсе меравад, ки мардуми шуморатан камистеъдоди моро танҳо аз вартаи ҳалокат раҳонид, балки дар баробари беш аз 200 давлати дунё дар Созмони Миллаи Муттаҳид соҳибминбар ҳам намуд ва ҳатто мукарраран бо фикрҳои бикр, андешаҳои дурнамодор ба тамоми башарият аз номи мардуми тоҷик пешниҳоду тавсияҳои судманду хирадмандонае оид ба ҳалли аксаран масойили мубрами ҷаҳонию байналмилалӣ карда тавонист, ки бо аксари онро қобили қабул ва таҳсину ситоиши дигарон низ гашт. Бале, нафаре, ки худ замоне ҷон дар кафи даст фирориёни ба хориҷрафтаро сиҳату саломат ва бо замонату кафолат ба дохил интиқол дод, ба мардуми мусибатзада тавонист оромишу осоиш орад, мардумро рӯҳбаланду соҳибватан гардонид, сиёсати хирадмандонаи дарҳои бозро ҷиҳати ҳамкориҳои судманд бо ҳама давлатҳои низомҳои мухталифдошта ба роҳ монд, кишвари кӯҳистонию кӯҳистониёнро аз бунбасти иртиботию мухобиротӣ вораҳонид ва ба ҳар тараф, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ роҳҳою пулҳоро чун шараёни хунгард дар организми ҷумҳурӣ пайванд доду ба ҳам овард, пояҳои давлату давлатдориро таҳкиму тақвият бахшид, тарҳи Сарқонунеро раҳбарӣ намуд, ки тавассути доираҳои зиссалоҳ ва мутахассисини ҳуқуқдони байналмилалӣ чун яке аз беҳтарин конститутсияҳо дар ҷаҳони муътамаддин эътироф гашт, садои тоҷику Тоҷикистон аз минбарҳои байналмилалии бонуфуз баландтар гардонид, мақоми зани тоҷикро ба дараҷе баланд бардошт, ки ин зан аз оғози ташаккули миллат то замони муосир чунин мақому мартабаи баланд надошт, ба ҷахону ҷаҳониён таҷрибаи сулҳофариниашро муаррифӣ намуд, ки сабақу дарси ибрат ва намунаи барҷастаи ҳаллу фасли мунозиаю муноқишаҳои мусаллаҳона гашта монд ва ғайраю ҳоказо.

Раҳбари олии сиёсии ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, ки дар айни ҷавонӣ зимому умури идорию сиёсии кишварро бо иродаи аксари намояндагони мардумӣ ба дасти худ гирифт, гӯиё шахсияти сарнавиштсозе буд, ки тавонист на танҳо шуълаҳои ҷанги хонумонсӯзро хомӯш созад, балки руз то рӯз истиқлолияти давлатиро таҳкиму тақвият бахшад ва ҳато дараҷаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат эътирофи умум низ гардад.

Амалия ва таҷрибаи давлатдорию давлатдорҳо нишон медиҳад, ки мавриди иззату икром ва эътибору эҳтироми хоса қарор додани чунин шахсиятҳои тақдирсозу таърихсоз амали савоб ва зарурати воқеӣ барои ҳар як шахси солимақл аст

Ваҳдату истиқлол - неъматҳои беҳтаринанд ва маҳз онҳо метавонанд саодатмандии шаҳрвандонро таъмин кунанд ва танҳо шахсе чун Пешвои миллати мо, ки бо ҷонбозиҳои худ ваҳдату истиқлолиятро таъмин кардааст, метавнад чунин суханони дурандешона ва пурҳикмат гӯяд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедихем, ки дигар теша ба решаи он рассад!».

Ваҳдати миллӣ ва истиқлол ба сифати омили муттаҳидгари мардуми тоҷик заминаеро мусоид намуд, ки арзишҳои миллии мардуми мо ҷою мақоми хоса касб карданд, арзишҳои эътирофшудаи байналмиллалӣ таҳдоби ташаккул ва таҳаввули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ гашта монданд.

Таърихи башарят собит месозад, ки бо сабабу омилҳои воқеию ғайривоқеӣ қавму давлату миллатҳое низ маҳву нобуд гаштаанд ва миллати шарофатманду тамаддунсоз ва ҷузъи таркибии нажоди ориёеро, ки 5 маротиба Империя дошт чунин хавфу хатар на як бор рӯ ба рӯ омадааст ва ҳар маротиб шахсияте пайдо шуда зуҳур мекард, ки онро аз вартаи ҳалокат наҷот мебахшид.

Ин дафъа низ шахсияти ҷавоне дар ҷомеаи мо вобаста ба зарурати таърихӣ зуҳур кард, ки тавонист Оромишу Осоиш оварад, пояҳои давлатро таҳкиму тақвият бахшад, Истиқлолиятро ба соҳибихтиёрию мустақилияти воқеӣ мубаддал гардонад. Бале, нафаре, ки оғози фаъолияти давлатдории худро ба ҳайси сарвари он шурӯъ намуд, расман ва ба тариқи оммавӣ чунин изҳор дошта буд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам» ва ин қавли худро дар натиҷаи заҳмату ҷонбозиҳои шабонарӯзӣ пурра ва мукаммалан дар амал татбиқ намуд. Биноан моро зарур аст, ки дар арафаи таҷлили яке аз бузаргтарин ҷашнҳои давлатӣ – 26 солагии Истиқлолият дар атрофии муаззамтарин сарвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳидтару басичтар гашта, нагузорем, ки сулҳу ваҳдат ва неъматҳои пурарзиши онро душманону хоинони дохилию хориҷи ба манфиати худ истифода кунанд.

Арафамо ДАМИНОВА, узви ҲХДТ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: