ТОҶИКИСТОН ДАР ОСТОНАИ 20-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: таҷрибаи сулҳофарии Пешвои миллат боиси ифтихори ҳамаи мо ва қобили истифода дар дигар кишварҳост21-06-2017, 13:55
Хабарро хонданд: 257 нафар
Назарҳо: 0
«Мардуми Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт.» Эмомалӣ Раҳмон ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳодисаҳои солҳои охирро мушоҳида намуда, бисёр олимону сиёсатмадорон сари ҳастии инсоният андеша менамоянд. Имрўз дар ҷараёни бозиҳои сиёсӣ ҷорӣ кардани демократия чун як навъ силоҳи бесубот кардани зиндагии халқҳо ва кўшиши аз байн бурдани баъзе давлатҳои соҳиби сарвати табиӣ ба кор бурда мешавад. Демократия аслан маънои ҳокимият ва волоияти иродаи халқро дорад, ки имрўз, ба ақидаи баъзе таҳлилгарон, аз тарафи абарқудратҳо василаи таҳмил кардани манфиати геостратегии онҳо шудааст. Ҳар як давру замон мафҳумҳои калидии худро дар арсаи сиёсӣ дорост. Таърихи башарият аз он гувоҳи медиҳад, ки дар давраҳои муайян ин ё он шиор василаи идеологии табаддулоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мегардид. Ҳамаи ин шиорҳо дар доираи худи давлатҳо паҳн мешуданд, вале имрўз шиорҳо барои ба даст овардани манфиатҳои худ аз суботу оромии давлатҳои дигар бо баҳонаи ҷорӣ намудани демократия ва ҳифзи ҳуқуқи инсон истифода мешавад. Мутаассифона, аз ягон минбари ҳуқуқи байналмилалӣ давлатҳои ба ном паҳнкунандаи демократия ҳисобот пешниҳод намекунанд, ки дар давраи чунин табаддулотҳои демократӣ ҳуқуқҳои чӣ қадар мардум д поймол мешавад, то чӣ андоза дар чунин табаддулот мардуми худи ҳамин кишварҳо иштирок менамоянд. Аз ҳама муҳим, оё ин мудохилаҳо иродаи мардуми ин ва ё он кишвар аст ё не? Оё ин нишонаи демократия аст, вақте дар ин раванд истиқлолияти давлатӣ аз байн меравад, суботи кишвар солҳо вайрону халқ саргардон мегардад? Вақте имконияти интихоби мардумони кишварҳо аз байн меравад, оё нишонаи демократия аст? Ҳодисаҳое, ки дар гўшаву канори гуногуни дунё рух дода истодаанд, ба афкору зиндагии аксарияти давлатҳою аҳолии онҳо бетаъсир намемонанд. Баъзе коршиносон таъкид мекунанд, ки мақоми доллари амрикоӣ бо додани қарзҳо, молҳо ва ё ба ивази арзишҳои моддӣ ва ё ҳалли ягон масъалаи сиёсӣ боло бурда мешавад. Давлатҳои абарқудрат ва иттиҳоди онҳо ба манзури ба даст овардани захираҳои табиии кишварҳои нафтдор, бо баҳонаҳои бофта давлатҳои Ироқ, Сурия, Ливияро фалаҷ гардонида, мардуми онҳоро овора намудаанд ва давлатҳоеро, ки роҳи мустақили худро пеш гирифтаанд, бо ҳар роҳ ба сиёсати худ таслим карданӣ ҳастанд. Баъзе воситаҳои ахбори оммаи бонуфузи ҷаҳонӣ, ки манфиати ин ё он доираҳои сиёсию иқтисодиро ҳимоя мекунанд, барои нигоҳ доштани қурби аз ҳеҷ иқдом рӯй намегардонанд. Зарбулмасале ҳаст, ки ҳалворо ҳаким хӯраду калтакро ятим. Ҳамин тавр, давлатҳои абарқудрат барои ҳимояи манфиатҳои худ стратегияҳои гуногунро истифода мебаранд ва давлатҳои хурд, новобаста аз хоҳишашон, ба ин гирудорҳо ҳамроҳ мешаванд. Яке омилҳои сар задании чунин вазъият — ин захираҳои табиӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ мебошад. Баъзан ин дороӣ диққати давлатҳои дигарро ба худ ҷалб намуда, сабаби дахолати онҳо ба кори давлатҳои соҳиби сарвати табиӣ мешаванд. Дар чунин бозиҳои геополитикӣ танҳо ва танҳо давлате, ки дар он суботу якдигарфаҳмӣ мавҷуд аст, истиқлолияти худро ҳифз карда метавонад, вагарна ба як майдони ҳарбу зарби манфиатҳои дигарон табдил меёбад. Яке аз воситаҳои дигари пешгирандаи чунин ҳолат — ин амали қонунҳост. Дар сурати риоя нашудани қонунҳо мақомоти ҳокимият фалаҷ мегардад. Ба ин ҷанги шаҳрвандии кишвари мо дар солҳои 90-ум мисол шуда метавонад, ки қариб сабаби нобудии давлат ва парокандагии миллат гардида буд. Тавре мебинем, солҳои охир дар давлатҳои дигар низ чунин «нақшаҳои беруна» зиёд амалӣ гардида истодаанд. Барои мо, тоҷикон, туҳфаи таърих буд, ки шахсияти боиродаю ватанпараст ва ҷасуру миллатдўст Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омаданд. Танҳо иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист садди роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гардад. Аз таърих маълум аст, ки давлатдории тоҷикон бинобар надоштани сарвари умумимиллӣ ва ваҳдати минтақаҳои тоҷикнишин борҳо ба парокандагӣ дучор гардида буд. Бояд зикр намуд, ки ҳар як миллат анъанаҳои хоси фарҳангию давлатдории худро дорад. Дар таърихи давлатдорӣ фарқияти манфиатҳои халқҳо ва қавмҳо табиатан мавҷуданд ва ин фарқиятҳо сабаби тарҳрезии сиёсати дохиливу беруна мегарданд. Мавҷуд будани ихтилоф дар табиати одамон сабаби ташаккули тафаккури гуногун ва боиси пайдоиши анъанаҳои гуногун мегардад. Ҳар миллат қонунҳо ва санадҳои меъёрии давлатии худро мутобиқи менталитет ва хусусияти хоси худ таҳия менамояд. Татбиқи механикии қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки барои халқҳои дигар номатлубанд, ба оқибатҳои нохуш мерасонад. Дар замони муосир бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи илмҳои ҷомеашиносӣ ҳар як кишвар модели давлатдории худро интихоб менамояд. Албатта, ин ба бозингарони абарқудрати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ на ҳамеша маъқул мешавад. Интихоби хоси модели давлатдорӣ, ки ба таъриху фарҳанг ва манфиатҳои миллӣ мувофиқ бошад, яке аз роҳҳои асосии нигоҳ доштани миллату давлат аст. Танҳо бо дастгирии тамоми аъзои ҷомеа ва баланд будани сатҳи худшиносии миллӣ ин ё он давлат суботу якпорчагии худро нигоҳ дошта метавонад. Халқи тоҷик соли ҷорӣ 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил менамояд. Ин ҷашн аз дигар ҷашнҳову идҳо бо моҳияти созандагиву муттаҳидсозии худ фарқ мекунад. Сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу Рўзи ваҳдатро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард. Мусибате, ки солҳои 90-ум ба сари халқи тоҷик омад, метавонист якпорчагии давлати моро халадор намуда, ба парокандашавии халқи куҳанбунёди мо боис гардад. Ин боз як санҷиши навбатии таърих барои миллати тоҷик буд. Хушбахтона, халқи фарҳангсолори мо бори дигар исбот намуд, ки дорои заковату хирад ва фарзандони қавииродаву матин мебошад, ки тавонистанд моро аз ин хатар эмин доранд. Таҷлили Рўзи ваҳдатро халқи тоҷик аз самими қалб пазироӣ намуд ва имрўз мо шоҳиди он гаштем, ки маҳз ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоиштагӣ метавонад ба рушди миллати мо мусоидат намояд. Ваҳдату Истиқлолият ин арзишҳои бебаҳо мебошанд. Пешвои муаззами миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки Ваҳдат ва Истиқлолият ду мафҳуми бо ҳам тавъаманд. Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии худ марҳилаҳои хеле вазнину пурхатар, санҷишҳои вазнини иҷтимоиву сиёсиро таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси сар намуд. Имрўз Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзадаву буҳронӣ ба мамлакати аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёбанда табдил ёфтааст. Тоҷикистони имрўза дар арсаи байналмилалӣ соҳиби ҷойгоҳи хоса мебошад. Иштироки сарварони давлатҳои аъзои СААД дар ҷаласаҳои ин созмон, рўзҳои 14-15 сентябри соли 2015 дар Душанбе, далели он аст, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти кишварамонро дигар кишварҳо дастгирӣ менамоянд ва имрўз пойтахти Тоҷикистон ба яке аз марказҳои фаъоли сиёсиву фарҳангӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон бо ниҳодҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва обрасонӣ ҳамкорӣ менамояд. Дар ҳамкорӣ бо ин ниҳодҳо садҳо лоиҳаҳо дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон аз тарафи СММ баҳои баланд гирифтаанд. Ин далели он аст, ки таваҷҷуҳ ва эҳтироми роҳбарони кишварҳои дигар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёд аст. Ва ин боиси ифтихори мост. Ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди уствор», солҳои 2018-2020 гувоҳи он аст, ки имрўз Тоҷикистон проблемаҳои ҷаҳониро хуб дарк карда, дар радифи давлатҳои бузург метавонад дар амнияти экологӣ ва равандҳои ҷаҳонӣ саҳмгузор бошад. Ваҳдат, Истиқлолият ва Президент – ин се неруи қавӣ бо ҳам тавъам ва кафили рушди устувори Тоҷикистон мебошанд. Маҳз бо кўшишу талоши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем худро аз вартаи фоҷиаи миллӣ наҷот бахшем. Истиқлолияте, ки имрўз дорем, амри тасодуф ва танҳо натиҷаи пошхўрдани давлати Шўравӣ набуда, балки натиҷаи саъю талоши миллати тоҷик аст. Имрўз Тоҷикистон тавонист истиқлолияти худро таҳким бахшад. Ормони ҳазорсолаи мардуми тоҷик амалӣ гашт ва ба дастовардҳои назаррас дар ҷодаи эҳё ва рушди давлатдории миллӣ ноил гардид. Тоҷикистон имрўз дар ҷаҳони муосир намунаи барҷастаи сулҳофарӣ ва сулҳу ваҳдати пойдор мебошад. Ин таҷрибаи Тоҷикистон барои бисёр кишварҳое, ки ба чанголи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шудаанду хатари фоҷиаи экологию демографӣ таҳдидашон мекунад, қобили истифода мебошад. Он равандҳое, ки дар ҷаҳони имрўза ба вуқўъ омада истодаанд, хатари азбайнравии давлатҳоро доранд ва танҳо ваҳдати шаҳрвандон метавонад пеши роҳи ҷангҳои таҳмилию парокандагиро гирад. Ҳодисаҳои имрўзаи Ироқ, Сурия ва Афғонистон далели онанд, ки ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ бо баҳонаи ҳалли масоили иҷтимоӣ ва дастёбӣ ба демократия хатари бузурги сиёсию иҷтимоӣ дорад. Ҳаракатҳои тундгароёнаи динӣ, аз ҷумла исломӣ ҷаҳонро хеле ноором кардааст. Ҷорӣ кардани фарҳанги таҳаммул дар Тоҷикистон низ як дастоварди муҳим аст. Солҳост, ки дар Ироқу Ливия ҳаракатҳои ба ном «демократӣ» якпорчагии ин давлатҳоро халалдор сохта, мардуми он барои талоши осоишу амонӣ ҷон ба каф мондаанд. Демократияву пешравии иҷтимоиву иқтисодӣ дар шароите имкон дорад, ки дар он кишвар сулҳу субот мавҷуд бошад. Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тоҷикистониён ҷои ифтихор буда, барои кишварҳои дигар дарси ибратбахш ва сазовори истифода мебошад. Таҳдидҳои муосир, бахусус экстремизм, радикализм ва терроризм, аз ҷумла фаъолиятҳои гуруҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» водор месозад, ки мо аз пештара бештар бояд ҳушёру зирак ва дар атрофи Пешвои миллати худ муттаҳид бошем, зеро танҳо ваҳдату ягонагӣ асоси истиқлолият, амният ва рушди босубот шуда метавонанд. Насиба Содикова |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.