Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РОҲИ РУШДИ МИНБАЪДАИ КИШВАРРО БАРОИ СОЛҲОИ МИНБАЪДА МУАЙЯН КАРД

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РОҲИ РУШДИ МИНБАЪДАИ КИШВАРРО БАРОИ СОЛҲОИ МИНБАЪДА МУАЙЯН КАРД

11-01-2018, 14:04
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РОҲИ РУШДИ МИНБАЪДАИ КИШВАРРО БАРОИ СОЛҲОИ МИНБАЪДА  МУАЙЯН  КАРД
Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия омӯзиши нуқтаҳои Паёми солонаи Асосгузори суулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст.
Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии “Навоварони ҷавон”-и Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ бо иштироки Рустам Қудратов -вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Изатуллои Ҳабибзод-муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, намоянда аз Маркази қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти коллеҷи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ баромадкунандагон зикр намуданд, ки дар Паёми Пешвои миллат оиди кам кардани санҷишҳо, додани имтиёзҳо барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, мусоидат ба раванди бо шуғли асоси фаро гирифтани шаҳрвандон, муҳаё намудани ҷойҳои нави кори холӣ, саломатии шаҳрвандон, татбиқи як қатор барномаҳои давлатӣ, бунёди муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва майдончаҳои варзишӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, зиёд намудани кишти такрорӣ, ба роҳ мондани коркард ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар дохили кишвар, азнавсозии неругоҳҳои барқи обӣ, пешгирии воридшавии маводҳои доруҳои пастсифат, зиёдшавии музди маош аз моҳи сентябр, омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон, рушди инфрасохтори маҳал, тағйирёбии иқлими сайёра ва расидан ба 3-ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир карда шудааст.
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РОҲИ РУШДИ МИНБАЪДАИ КИШВАРРО БАРОИ СОЛҲОИ МИНБАЪДА  МУАЙЯН  КАРД
Дар Паёми солона Пешвои миллат зикр намуданд, ки: “Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад”.
Баргузории чунин вохӯриҳо дар дигар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия идома доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: