Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Силсила вохӯри ҳодоир ба Паёми Пешвои миллат

Силсила вохӯри ҳодоир ба Паёми Пешвои миллат

9-01-2018, 11:02
Хабарро хонданд: 297 нафар
Назарҳо: 0
Силсила вохӯри ҳодоир ба Паёми Пешвои миллат

Бо мақсади шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни сокинони шаҳри Хуҷанд, дар толори раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи нахустин баргузор гардид.

Раъно Ҳошимзода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд нишастро оғоз намуда, роҷеъ ба ҳадафи гузаронидани силсилавохӯриҳоро бо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.

Сипас, Маҳмадалӣ Ватанзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ андешаронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки «Паёми имсолаи Роҳбари Давлат бо хусусият ҳоихоси худ, аз ҷумла пешниҳодоти мавзу ва вазифагузорӣ аз дигар Паёмҳо фарқ мекунад. Асос гузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи ҳассоси сайёра, ҷаҳонишавии шадид дар оғози Паёми худ аз сиёсати хориҷии давлат суханронӣ намуданд, ва таъкид доштанд, ки мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарики баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем. Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.

Маҳмадалӣ Ватанзода гуфт, ки дар Паёми имсола масоили амнияти озуқаворӣ ва дастури таъсиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи се хадамоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — Хадамоти давлатии ҳифзи тандурустии аҳолӣ нақши муҳим дорад. Зеро ворид гардидани молҳои пастсифати хориҷӣ ва таъсири он ба саломатии миллат Давлату Ҳукуматро бетараф гузошта наметавонад.

Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Бобоевва Гулбаҳор Назирӣ баромад намуда, таъкид доштанд, ки дар Паёми Пешвои миллат нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар ироа гардид ва зикр шуд, ки дар соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 фоиз ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишу даи барномавӣ 8 фоиз зиёд гардида, даромади пули аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт. Рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат 21,5 фоиз, кишоварзӣ 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 6, савдои чакана 6,6 ва хизматрасонии пулакӣ 1,8 фоиз таъмин гардида, таваррум дар сатҳи 6,3 фоиз нигоҳ дошта шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ, иҷро шуда, ҳаҷми буҷети соли 2018 ба маблағи 21,3 миллиард сомонӣ ва назар ба соли 2017-ум 7,3 фоиз зиёд муайян гардид.

Ректори ДДҲБСТ Мӯъмин Шарифзода доир ба Эълон шудани соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ андешаронӣ намуда, зикр дошт, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷорӣ карда шавад».

Ҷамшед Ҷӯразода, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров зимни музокира доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ маълумот дод.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ба ҳайати гурӯҳи корӣ шомил буда, дар вохурии мазкур ширкат дошт.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: