Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад

14-01-2019, 14:00
Хабарро хонданд: 667 нафар
Назарҳо: 0
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳадАз ҳакиме пурсидаанд:
Одамро чӣ заруртар аст?
Гуфт: Ақл
Гуфтанд: Агар он ноқис бошад?
Гуфт: Адаб
Гуфтанд: Гар аз он ҳам бебаҳра бошад?
Гуфт: Пас, мурдан илоҷи ӯст.
***
Илм дар хурдӣ, нақш бар санг аст.
Мояи бузургӣ илму адаб аст, на аслу насаб.
***
Ақлу давлат қарини якдигаранд.
Ҳар киро ақл нест, давлат нест.
Саъдӣ
***
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.
Ҷалолиддини Румӣ
***
Шунидам, ки бошад забони сухан,
Чу алмоси буррону теғи кӯҳан.
Сухан бифканад минбару дорро,
Зи сӯрох бурун оварад морро.
Абӯшакури Балхӣ
***
Тарҷумони дил аст нутқу забон,
Марзбони тан асту суду зиён.
Абулмаҷди Саноӣ
***
Донӣ, ки сухандон кӣ бувад? Он ки бидонад,
Бадро зи накӯ боз накӯро зи накӯтар,
***
Боядат мансаби баланд бикӯш,
То ба фазлу ҳунар кунӣ пайванд.
На ба мансаб бувад баландии мард,
Балки мансаб шавад ба мард баланд.
Абдураҳмони Ҷомӣ
***
Ҳеҷ алоқае дар дунё шадидтар аз меҳр ба ватан нест.
Афлотун
***
Бикун некию дар дарёш андоз,
Ки рӯзе дар канорат оварад боз.
Фахриддини Гургонӣ

Ба даст овардани дунё ҳунар нест,
Якеро гар тавонӣ дил ба даст ор.
Саъдӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: