Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дастгирии аҳолии камбизоат, хусусан пиронсолону маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ҳадафи мост!

Дастгирии аҳолии камбизоат, хусусан пиронсолону маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ҳадафи мост!

3-01-2018, 16:11
Хабарро хонданд: 186 нафар
Назарҳо: 0
Дастгирии аҳолии камбизоат, хусусан пиронсолону маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ҳадафи мост!

Аксияи хайриявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, таҳти унвони “Дастгирии аҳолии камбизоат, хусусан пиронсолону маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ҳадафи мост!” оғоз гардида буд, имрӯз дар мактаб-интернати №4 шаҳри Душанбе идома ёфт.
Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Файзуллозода Заррина Файзулло, роҳбари ҶДММ “Таъминот 2016” – Кузиев Фирдавс, роҳбари ҶДММ “Техноторг”- Ҳаётов Сайфулло, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан”, аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази педиатрӣ”, аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Филармония” ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Чорабиниро Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Файзуллозода З.Ф., ҳусни оғоз бахшида меҳмононро ба ҳозирин шинос намуд. Зимни суханронии худ Файзуллозода З.Ф., кӯдаконро бо фарорасии Соли навӣ 2018 табрик намуд ва ба яко яки онҳо сиҳату саломатӣ, бурдборӣ ва хушиҳои рӯзгорро таманно карда иброз дошт, ки ҳамаи ин ташаббусҳо самараи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошад, ки бо заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудааст ва мебояд, ки мо онро дучанд намуда идома диҳем.
Дастгирии аҳолии камбизоат, хусусан пиронсолону маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ҳадафи мост!
Ҳамчунин бо суханҳои табрикоти назди ҳозирин Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҳмонзода З.Ф., баромад намуда барои иқдоми нек ва баргузории чорабинии хайриявӣ аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, роҳбарони ҶДММ “Таъминот 2016”, ҶДММ “Техноторг” ва дигар саҳмгузорон, ки барои таълимгирандагони мактаб интернат тӯҳфаҳои солинавӣ, маводҳои ғизоӣ ва дигар маводҳои моддирро ҳадя намуданд изҳори сипос намуда иброз дошт, ки ин иқдомҳо пайрави аз ташаббусҳои хайрхоҳона ва ятимпарвариву саховатмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва мо шукргузори аз ободиву осудагии Ватани маҳбубамон мекунем, ки ин шароитҳоро ба мо муҳаё намудаанд.
Роҳбари ҶДММ “ Таъминот 2016” - Кузиев Ф., зимни табрикотии худ аҳли таълимгирандагони мактаб-интернатро бо Соли навӣ мелодии 2018 табрику таҳният намуда ба онҳо сиҳатии комил, осудаҳоли ва хушиҳои оламро орзу намуд. Дар рафти суханронии худ ӯ сипосу шукргузори аз Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда баён дошт, ки Пешвои миллат ба мо озодиву Ваҳдати миллиро ҳадя намудан ва ин аст, ки мо соҳибкорон дар фазои ором фаъолият намуда каме ҳам бошад саҳми худро дар пешрафти Тоҷикистони азиз гузошта истодаем.
Баъдан дар назди ҳозирин бо барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ наврасони Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе баромад намуда чорбиниро ҳусни идона бахшиданд.
Аксияи хайриявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар мактаб-интернати №4 шаҳри Душанбе бо оростани дастархони идона хотима ёфта ва он то санаи 30 декабри соли 2017 идома хоҳад ёфт.
Бояд ёдовар шуд, ки таълимгирандагони мактаб-интернат аз тарафи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази педиатрӣ” пурра аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд.
Мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттлооти ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Нарзиқулов Ҷ.С.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: