Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Роҳҳо - пайвандгари дилҳо

Роҳҳо - пайвандгари дилҳо

18-12-2017, 16:20
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
Инсоният аз қадим, шурӯъ аз ихтирои чарх, ки як таҳаввулоти ҷиддӣ, таконе дар рушди он ба вуҷуд овард, ниёз ба ҳамлу нақд дорад. Манфиатҳои иқтисодӣ, сиёсиву иҷтимоӣ водор ба он мекард, ки воситаҳои нақлиётӣ пешрафт кунанд. Оғоз аз ром кардани чорпоён бо мақсади кашонидани бору ҳамли мусофирон то сафинаҳои кайҳонӣ, ки инсониятро берун аз сайёраи Замин бурдааст-ин аст роҳи тайнамудаи инсоният тӯли ҳазорсолаҳо.

Ҷаҳони имрӯза, ҷаҳони глобалӣ, ки ҳамакнун «ба андозаи як русто кӯчак шудааст», тақозо дорад, ки воситаҳои логистикӣ доимо дар суръат бошанду пайваста дар ҳоли рушд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ба даст овардани истиқлоли давлатиаш инак чаҳоряк аср пур шудааст, сиёсати «дарҳои боз»-ро пеш гирифта ва бо мамолики ғолиби дунё равобити гуногунҷабҳа дорад. Мусаллам аст, ки ҳамарӯзаву ҳамасола ҳазорҳо шаҳрвандони мо бо мақсадҳои гуногун аз Ватан бадар меоянд. Ҳоло шаҳрҳои бузурги кишвари моро хатҳои ҳавоиву оҳаниву заминӣ бо дигар кишварҳо пайваст мекунанд. Барои ба хонандагон пешкаш намудани маълумот оид ба истифодабарии хизматрасонии нақлиётӣ мо тасмим гирифтем иттилои бештарро ба хидмати шумо вогузорем, то ин ки аз он огаҳӣ пайдо намуда бошед.

Қарор додем аз хидматрасониҳои хати оҳан шурӯъ намоем. Дар шумораҳои навбатӣ маълумот оид ба нархномаҳои нақлиёти ҳавоиву заминӣ (хатсайри автобус) хоҳад рафт. Инак, аз омадани аввалин поезд ба пойтахти Тоҷикистон, аз соли 1929 даҳсолаҳои зиёд сипарӣ гардид ва имрӯз КВД «Роҳи оҳани тоҷик» сатҳи баланди хидматрасониҳоро ба роҳ мондааст. Қатораҳо нав ва таҷдид шуда, такя ба тамоми талаботи муосири байналмилалӣ фаъолияти ин коргоҳ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло рӯихати хатсайрҳо тавассути роҳи оҳани ватаниро манзури шумо, хонандагони азиз мегардонем:

МАЪЛУМОТНОМА
дар бораи ҳаракати қатораҳои мусофирбарии КВД «Роҳи оҳани тоҷик»


Қатораҳои байналмилалӣ


1.Қатораи байналмилалии хатсайри «Душанбе-Москва» ҳафтае се маротиба –рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе ба сафар мебарояд.

Нархи асосии ҳуҷҷати сафарӣ аз Душанбе то Москва бе назардошти тахфифҳои муайяншуда 1920 сомонӣ мебошад.
Нархҳо бо назардошти тахфифҳои харидории пешакии ҳуҷҷати сафарӣ чунин мебошанд:

-аз 4 то 20 рӯз-1256 сомонӣ;
-аз 21 то 30 рӯз-1169 сомонӣ;
-аз 31 то 45 рӯз-1083 сомонӣ.

2. Қатораи байналмилалии хатсайри Хуҷанд-Москва ҳафтае як маротиба рӯзҳои чоршанбе ба сафар мебарояд.
Нархи асосии ҳуҷҷати сафарӣ аз Хуҷанд то Москва бе назардошти тахфифҳои муайяншуда 1836 сомонӣ мебошад.
Нархҳо бо назардошти тахфифҳои харидории пешакии ҳуҷҷати сафарӣ чунин мебошанд:

-аз 4 то 20 рӯз-1188 сомонӣ;
-аз 21 то 30 рӯз-1103 сомонӣ;
Аз 31 то 45 рӯз-1019 сомонӣ.

Қатораҳои мазкур ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва дар ҳудуди Федератсияи Россия шаҳрҳои Аксарайский, Волгоград, Поворино, Грязы-Воронежский, Мичуринск-Воронежский, Рязанро гузашта, ба шаҳри Москва ворид мешаванд.

Дар қатораҳо сатҳи баланди хизматрасонӣ кафолат дода шуда, мусофирон бо чой, маҳсулоти қаннодӣ, рахти хоби ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ таъмин карда мешаванд. Инчунин дар ҳайати қатораҳо вагон-тарабхона фаъолият доранд, ки ба мусофирон хӯрокҳои гарму болаззат пешкаш менамоянд.

Қатораҳои маҳаллӣ


1.Қатораи хатсайри Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ҳафтае ду маротиба –рӯзҳои сешанбе ва шанбе аз Душанбе, рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе аз Кӯлоб ба сафар мебарояд. Нархи ҳуҷҷати сафарӣ бо назардошти тахфифҳо:

-то истгоҳӣ Қӯрғонтеппа-10 сомонӣ;
-то истгоҳи Кӯлоб-15 сомонӣ.

2.Қатораи хатсайри Душанбе-Қӯрғонтеппа-Шаҳритус ҳафтае ду маротиба-рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе аз Шаҳритус ба сафар мебарояд. Нархи ҳуҷҷати сафарӣ бо назардошти тахфифҳо;

-то истгоҳи Шаҳритус 14 сомонӣ.

3.Қатораи хатсайри Душанбе-Пахтаобод-Душанбе ҳар рӯз ҳаракат мекунад. Нархи ҳуҷҷати сафарӣ:

-то Ҳисор 3 сомонӣ;
-то Шаҳринав 5 сомонӣ;
-то Турсунзода 6 сомонӣ;
-то Пахтаобод 6 сомонию 50 дирам мебошад.
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: