Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Сомон Эйр» ба ифтихори Рӯзи модар дар нархи ҳамаи хатсайрҳо тахфиф пешниҳод мекунад

«Сомон Эйр» ба ифтихори Рӯзи модар дар нархи ҳамаи хатсайрҳо тахфиф пешниҳод мекунад

2-03-2018, 12:46
Хабарро хонданд: 168 нафар
Назарҳо: 0
«Сомон Эйр» ба ифтихори Рӯзи модар дар нархи ҳамаи хатсайрҳо тахфиф пешниҳод мекунад

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар иртибот ба таҷлили Рӯзи Модар, ки ҳамасола 8 март таҷлил мегардад, иқдоми наҷиб роҳандозӣ менамояд.

Ба муносибати ин иди фархунда ширкати «Сомон Эйр» барои кулли мусофироне, ки аз 1 то 8 март чиптаи ҳавопайморо аз фурӯшгоҳи ширкат, воқеъ дар кӯчаи М.Мастонгулов, 40-и шаҳри Душанбе харидорӣ менамоянд, дар ҳамаи хатсайрҳои аз ҷониби ширкат иҷрошаванда 8% тахфиф пешниҳод мекунад.

Дар айни замон «Сомон Эйр», ки аз моҳи сентябри соли гузашта узви ИАТА мебошад, парвозҳоро муваффақона аз Тоҷикистон ба самти Германия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия ва Қазоқистон анҷом медиҳад.

Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737 – 300, -800 ва -900 иборат мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: