Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЯК МУШОҲИДА АЗ МАРОСИМИ ФОТЕҲАИ БЕ ЗИЁФАТ

ЯК МУШОҲИДА АЗ МАРОСИМИ ФОТЕҲАИ БЕ ЗИЁФАТ

23-11-2017, 09:00
Хабарро хонданд: 140 нафар
Назарҳо: 0
Маросими фотеҳа дар хонаи устоди зиндаёд Худойӣ Шарифзода буд. Одамони зиёде меомаданду андак менишастанд, як қории хушовоз пораҳҳое аз Каломуллоҳ қироат мекард. Аҷаб фазои маънавӣ ва рӯҳоние буд!
Барои як лаҳза ба ёди гузаштаҳо рафтам ва бо худ гуфтам, агар ин маросим қабл аз Қонуни танзим мебуд, ҳоло ин ҷо чӣ хабар буд? Дастурхонҳои пур аз хӯрданию нӯшиданӣ, одамоне, ки саросема менишинанду мехӯранду менӯшанду мераванд, иддае хӯрда истодаанду иддаи дигар рост истода, мунтазири холӣ шуданӣ курсие дар атрофи мизе, то зуд он ҷоро ишғол карда, низ бихӯранду бинӯшанд.
Муҳимтарин гирифтории соҳибони майит ин буд, ки кӣ омаду кӣ наомад, фалон одами муҳим дар куҷо нишаст, чӣ хӯрд, дастурхонаш чӣ тур буд, оё дар шаънаш буд ё иззаташ ба ҷой наомад???
Дар он тарафи хона ҳам занҳо маҳшаре доштанд: кадом зан бо чӣ гуна дастурхон омад, куҷо нишаст, чӣ овард, либоси овардааш чӣ гуна буд ва акнун ба ӯ чӣ бояд дод... Хулоса ҳазор дарди сару гирифторию нигаронию машғала. Дар ин миён марҳум ба ёди касе ҳам намерасид (на ба ёди соҳибонаш ва на ба ёди зиёфатхӯрон).
Акнун чӣ. Акнун ҳама ҷо оромиш, сукут, маънавият, андеша. Ҷо-ҷо садои Қуръон баланд мешаваду гӯшҳоро навозиш медиҳад ва дилҳоро оромиш мебахшад, дигар - сукути мутлақ. Муҳити басо муносиб барои ёди марҳум, ёди марг, варақ задани номаи аъмоли худ ва омодагӣ барои чунин рӯзе, ки бехабар ба суроғи ҳар яки мо хоҳад омад...
Эҳсос кардам, ки маросиму анъанаҳоямон акнун нав исломӣ шуданд. Он тарзе, ки мо қаблан маросим мегузарондем, ба ҷуз Тоҷикистону Узбекистон ва каму беш Қирғизистон, дар ҳеҷ ҷое аз ҷаҳони ислом набуд. Боварӣ дорам, ки хеле зуд ин ду ҳамсоя ҳам ин суннати ҳасанаро аз мо хоҳанд гирифт ва пайравӣ хоҳанд кард.
Беихтиёр ин ҳадиси Паёмбар (с) ба ёдам расид, ки "Инналлоҳа лаязаъу бис-Султон мо ло язаъу бил-Қур-он”. Худованд ба воситаи Султон кореро ҷорӣ мекунад, ки ҳатто ба воситаи Қуръон намекунад. Ҷо дорад, ки бе ягон муболиға, аз самими дил, бо ҳарфҳои калон-калон ба Пешвои миллат барои ин ташаббус ва амалашон ТАШАККУР бигӯем.
Ҳаббазо ба роҳбаре, ки ниёзи миллаташро бештар ва пештар аз худи миллат дарк мекунад ва барояш чора месозад...
Адуғаффори КАМОЛ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: