Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МО БОЙ ШУДАЕМ, ВАЛЕ БО ЧАНД АММО...

МО БОЙ ШУДАЕМ, ВАЛЕ БО ЧАНД АММО...

13-11-2017, 10:03
Хабарро хонданд: 199 нафар
Назарҳо: 0
МО БОЙ ШУДАЕМ, ВАЛЕ БО ЧАНД АММО...

Мегӯянд хубиву бадии ҳама чиз дар муқоиса дақиқ мегардад, аз ҷумла зиндагӣ ҳам. Маъмулан зиндагии имрӯзи мо бо замони шӯравӣ муқоиса мегардад. Мантиқан дуруст аст. Зеро мо ба асрҳои 18-19 онро наметавонем қиёс кунем, зеро он замон ҷаҳон дигар буд. Гоҳо бархе аз одамон шукр мекунанд, ки воқеан зиндагиямон хеле ҳам нисбати пешин хубтар шудааст. Вале ашхоси табиатан норизое ҳам ёфт мешаванд, ки ҳанӯз ҳам аз худу аз рӯзгор розӣ нестанд. Чаро?
ФИКР мекунам, онҳо маҳз та-факкури муқоисавӣ-таҳлилӣ надоранд, ё дидаву дониста муқоиса кардани дирӯзу имрӯз ва пешбинии фардоро дар зеҳни худ ҷо додан намехоҳанд. Баъдан ҳам, агар аз рӯи суннату шариат бигӯем, қисмате аз ҳар ҷомеаҳо одамони носипосанд, бархеҳо ҳатто нотавонбинанд. Шояд аксари онҳо кинае дар дил доранд. Ё мехоҳанд бо ғаразе ҷомеаро ба норизоӣ баранду худро аз дигарон бузургтар ба намоиш бигзоранд. Ба ҳар ҳол фармудаи: "Шукр кардӣ, неъматат афзун шавад"-ро имрӯз нагуфтаанд. Он пандест, ки ба таҷрибаи рӯзгор такя кардаву пойдор мондааст.
Рӯзе ба хонаи як дӯстам, ки чанд соле қабл ба пойтахт кӯчида буд, рафтам. Дар хонаи замонавии навсохт солҳои аввал се нафар -зану шавҳар ва писарашон мезистанд. Ҳоло писарашон бо оилаи худ алоҳида мезияду хонаву мошин ҳам дорад. Волидон ҳам ҳар кадоме бо мошини шахсии худ мегарданд. Пойгаҳи дар пуропури пойафзол буду вориди хона шуда хиҷолат кашидам, ки меҳмон доранду шояд ман новақт омадаам. Вале дугонаам дар хона танҳо буд. Дар пойгаҳи дар пойпӯши зимистонаи мардонаву занона, ки шояд ҳар кадоме 10-12 ҷуфтиро ташкил медоданд, қатор чида шуда буд. Ба ишораи ман дугонаам гуфт, ки бояд пойпӯши зимистонаро имрӯз ба таҳмонҳо бигузорад, то ҷой барои пойафзоли баҳорӣ холӣ шавад. Яъне, боз қариб 20 ҷуфт пойпӯши дигар барои ду кас, аз дил гузаронидам ман.
Ба ёд овардам, ки замони шӯравӣ мо, яъне қариб ҳама одамон зимистон барои 5-6 сол як мӯза (шояд на ҳама, чун дар деҳот замистонро бо калӯш мегузаронданд) як туфлӣ ё тапочка барои баҳору тирамоҳ ва бархе аз одамон як босоножка, яъне пойпӯши тобистона доштем. Аксариҳо чаҳор фасли солро ҳам бо як пойафзол мегузарониданду ҳатто ғаме ҳам дар иртибот ба ин надоштанд.
Пойафзоли зимистонаи худро ба ёд овардам, ки он ҳам аз мӯзаҳои кӯтоҳу дарозсоқ, то замшиву чармиву лакдору гарму сард тақрибан даҳ-дувоздаҳторо ташкил медод. Ба худ гуфтам воқеан мо дар қиёс ба солҳои пешин бой шудаем. Азбаски он рӯзи шанбе, яъне истироҳат буду шавҳари дугонаам бо мошини худ бо ҷӯраҳояш ба ҳаммом рафта буд, ба гуфти дугонаам, то ними шаб намеомадааст. "Чунин тарзи истироҳатро мо пештар дар киноҳо медидем", - барқвор аз сарам гузашт. Рӯи фарши хонае, ки ҷевони либосҳои дугонаам (на шавҳараш, зеро онҳо ду ҷевони либос доштанд) меистод, пуропури либосҳои занона буд. Акнун сабаб пурсиданӣ будам, ки занги дар садо доду ба хона зани деҳотинамои бегонае ворид шуд. Биёед, холаҷон гуфта дугонаам ба либосҳои болои қолин ишора карда 3-4 халтаи калони селлофаниро ҳам ба пеши он зан гузошт.
-Агар кадомеаш ба духтаронатон рост наомад, ба ҳамсояҳотон диҳед, гуфт дугонаам ва маро ба меҳмонхона муроот кард. Ба нигоҳҳои суоломези ман ӯ чунин посух дод. Либосҳои имсол аз мӯд баромадаву ба дилам задаро ба ин занаки камбағал медиҳам, гуфт. Охир дар ҷевонам либосҳоям намеғунҷанд. Воқеан мо бой шудаем, аз дил гузарондам ман, ки гоҳо ин корро худам ҳам мекунам. Болои мизи ҳанӯз барои меҳмонии ман наороста аллакай пуропури мағзу мавиз, меваву ширинӣ буд, ки мусаллам аст, онҳо доимо ин ҷо меистоданд. Баъди лаҳзае хизматгорзани хушлибосе ба ин хони пурнеъмат чандин хӯришҳои тозатайёр ва хӯрокҳои гармро оварда монд, ки ҳар боре барои ғизои навбатӣ мо базӯр ҷои холие дар ин мизи бузург мекофтем.
Мусаллам аст, ки аз ин ҳама анвои хӯрданӣ мо каме мечашидем, зеро агар ин ҳамаро тановул кунӣ, меъдаат мекафад.
Аз андешаи ман гузашт, ки бешак мо бой шудаем, зеро замони шӯравӣ номи аксари ин қанду қурс, мағзу мавиз, хӯришу хӯрокҳоро ҳатто намедонистем, дар бораи лаъливу табақчаҳо, пиёлаву чойникҳо ва қошуқу вилкаҳои қимати ин хонадон, ки боз чандин навъҳои дигараш дар ҷевон ялаққос мезад, ҳанӯз чизе намегӯем. Табассуми талхи маро нигоҳи дугонаам дарёб карду гуфтамаш:
- Ёд дорӣ, давраи шӯравӣ ба навхонадорон барои як чойнак, 6 пиёла ва ду косаи чинӣ аз ҳукумати маҳал хат медоданд, то онҳоро аз кадом базае харидорӣ кунанд?
-Бале, бубин имрӯзро, гуфта ба ҷевони пуропури косаву табақ ишора кард. Аз ин зиёдтар боз дар ошхона дорам, гуфт дугонаам хандида. Овози телевизори ба экрани кинотеатр монандро дугонаам баландтар намуду аз хидматгор хоҳиш кард, ки телевизори ошхонаро паст кунаду телевизори хонаи хобро, ки он ҷо касе набуд, хомӯш созад. Ба хотир овардаи, ки се оилаи бародаронам, ки ҳар кадоме 6-7 кӯдакӣ доштанд, бо апаву акаҳо ва янгаҳоям ҳамагон як телевизори сиёҳу сафедро тамошо мекардему боз чандин ҳамсояҳоямон шаб ба хонаи мо телевизортамошокунӣ меомаданд, ки хона ба клуб ё кинотеатр монанд мешуд. Баъзан кӯдакони ҳамсояро, ки консерту кинобинӣ меомаданд, дар хонаи мо хоб мебурд, вале мо хушбахт будем, ки шабона кино тамошо мекунем. Касе шикоят аз камбағалӣ надошт. Магар мо бой нашудаем, ки кӯдаконамон телевизорҳову компютерҳои алоҳида доранду мо алоҳида, то ҳар шабакаву ҳар телевизорҳои кишвари дигареро, агар бихоҳем, дар алоҳидагӣ тамошо кунем. Хеле бой шудаем, шукр.
Телефонҳои мобилии ману дугонаам ва хидматгорзан ҳар замон занг мезаду мо ба дохил ва хориҷи кишвар пайваста дар тамос будем. Бо аҳли оила ва дӯстонамон аз ҳар лаҳзаи зиндагиямон хабар медодему аз онҳо хабар мешунидем.
Ба ёдам омад, ки барои як суҳбати телефонӣ ба ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) ман 3 рӯз пештар дар навбат истода "переговор" фармоиш медодам. Модару бародарам аз совхоз ба маркази ноҳия ба хонаи бародари дигарам меомаданд, то ки бо ман 3 дақиқа гап зананду ҳоламро дар 3 ё 6 моҳ як бор бипурсанду осуда шаванд. Оҳ, хушбахтона, мо чӣ қадар аз ҷиҳати имкониятҳо бой ҳам шудаем.
Албоми суратҳоро тамошо карда хуб хандидем. Дӯстони замони донишҷӯиро аз аксҳо дида ёдоварӣ кардем. Ҳамкурсони бадахшониамонро ба хотир овардам, ки соле як бор ба хонаи волидонашон мерафтанду баъзеҳошон дар се-чор сол як бор ба чӣ ҳоле сафари Бадахшон мекарданд. Ҳозир он дӯстонамон дар ҳар маҷлису маъракаҳо паҳлӯи моянду дар тӯю маъракаҳошон мо даъватӣ ба Боми ҷаҳонем. Оҳ чӣ қадар хуб аст, ки мо ба чунин боигариву дастҷамъиву сарҷамъӣ расидем.
Аксҳои моҳе пештар дар манзили қасрмонанди дӯсти хуҷандиамонро дидему ба ёд овардем, ки соли 1976 бори нахуст ба Ленинобод (Суғд) ба хонаи ҳамсабақонам рафтаму мардум барои дидани либоспӯшии хоси кӯлобии ман атрофам чун тамошобин ба театр ҷамъ омада буданд. Аз он ҷо ба ноҳияамон баргаштаму ҳамсояҳо ба диданам омада суол мекарданд, ки ленинободиҳо чӣ мехӯранду чӣ мепӯшанд? Зеро афсона буд барояшон ин гӯшаи диёр. Имрӯз барои як рӯз ошитуппахӯрӣ ба Кӯлобу барои ошипалавхӯрӣ ба Хуҷанд рафтан дигар касеро ҳайрон намекунад. Зеро 4-5 соат роҳи шишавор ҳамвору мошинҳои роҳатбахшу имкониятҳои фаровони дидор. Бой набошем агар, магар ҳамин қадар дӯстиву рафтуомад ва арӯсбариву домодбиёрӣ аз шимолу ҷануб як кори муқаррарӣ мегардад? Дӯстии бой дорем, шукргӯён аз дилам барқи шодӣ гузашт.
Дугонаам ба гусели ман рӯи ҳавлии бинои баландошёна баромаду 4-5 мошини қимати хориҷиро, ки аз салони ҳар кадоме овози мусиқӣ мебаромад, дидем, ки куҷое паси ҳам омодаи рафтан буданд. Зани миёнсоле аз сари чамбари яке аз мошинҳо фуруд омада бо дугонаи ман салому алейк карда, баъд азми сафар кард.
-Дар биноатон тӯй аст, пурсидам аз дӯстам.
-Не, инҳо аҳли як хонаанд, ки ба ноҳияи Темурмалик ба хонаи волидонашон мераванд, - гуфт ӯ.
-Мошини якум писараш, дуюм бародараш бо занаш, сеюм духтараш бо дугонаҳояш, чорум худаш бо ҳамсояву дугонаҳояш, ва бародари шавҳараш бо келин мераванд. Шавҳараш кор доштааст, пагоҳ меравад, ҳо он мошини сиёҳшиша ҳам аз шавҳараш аст, - илова кард дугонаам.
-Эҳа, ин қадар хароҷот ба кадом хотир охир инҳо ба ду мошин ҳам меғунҷиданд, дар ҳоле, ки қариб ҳама мошинҳояшон ҷипу ландкрузер ҳастанд. Ман хаёл кардам, ин тӯй аст, - гуфтам бо таҳайюр. Ба сару либоси аҷиби зан ишора кардаму дугонаам чашмак зад: "Ин охирин мӯд"…
-Дина ҳамсоязан маро ҳам ба ин сафар таклиф кард, вале нарафтам. Духтараш кадом дугонаашро меҳмонӣ мебурдааст. Онҳо дар роҳ мусиқии хориҷӣ шунидан мехоҳанд. Худаш бо ду занаки ҳамсоя дар Норак моҳӣ хӯрданӣ ҳастанду маътал мешаванд. Зани бародараш бо зани бародаршӯяш, ки қаҳриянд, дар як мошин рафтан намехоҳанд. Барои ҳамин чанд мошин бояд равад бепарво гуфт дугонаам ва илова кард, пагоҳ бармегарданд.
Ин лаҳза ман хаёлан ба 30-сол қафо рафтам. Дар совхози овозадори ба номи Саидқул Турдиеви ноҳияи Москва ҳамагӣ 3-4 мошини сабукрав буду ягона "Волга"-и бародари ман. Ҳама арӯсон хоҳиш мекарданд, ки онҳоро бо мошини "ГАЗ-24" ба хонаи домод баранд. Бечора акаам, касе аз ҳамдеҳагон хафа нашавад гуфта лентаҳоро ба "Волга"-аш мечаспонду ройгон ба арӯсу домод хизмат мекард. Ҳама хушбахт буданду шукр мекарданд, ки чун 10-15 сол пеш аз ин, бо асп ё мошини боркаш арӯсҳоро намебаранд. Эҳҳа, чӣ қадар бой шудаем, мардум! Ба худо бойи бой шудаем.
Автобуси "Пазик"-и дар 7-8 соат то Кӯлоб равандаи замони шӯравӣ бо хотирам омад, он вақтҳо, ки мо соле 3-4 бор ба ноҳияамон бо он хаставу афгор шуда мерафтем.
Дар дилхоҳ биноҳои баландошёна бархе аз одамон як ошёнаро яъне 4-6 квартираро харидаанд. Одамони зиёде дар шаҳр ҳавлӣ ва чандин квартираҳои дакаданг ҳам доранд. Дар аксар оила аз 2 то 4 мошини сабукрав ҳаст. Сару либоси хуб доштан дигар аслан мавзӯъ нест. Дар кӯчаҳои шаҳр мошин намеғунҷад. Дар бозорҳо аз серодамӣ ҷойи пой мондан нест. Як қисми одамон аз мағозаҳои замонавӣ харид мекунанду аллакай бозор рафтанро дигар ба шаъни худ муносиб намебинанд. Бисёриҳо дар курортҳои кишвар истироҳат карданро ор медонанд. Занҳои зиёде соле чандин бор ба хориҷа бе шавҳарон истироҳаткунӣ мераванд. Мардҳо бо маъшуқаҳошон алоҳида, бо занҳошон алоҳида ба тамошои ҷаҳон мераванд. Барои оддитарин табобат аҳли оиларо ба Олмону Ҳиндустон мебаранд, Хитою Эрону Арабистону Туркия рафтан дигар ҷойи таъриф нест. Соле чанд бор мошин иваз кардану аз хориҷа туҳфаю гул фармоиш додан мӯд мешавад. Тарабхонаҳои зиёде дар паҳлӯи ҳам сохта мешаванду мағоза болои мағоза аст, вале ҳама муштариву харидор доранд. Биноҳои замонавӣ чун замбурӯғи баҳорӣ сар боло мекунанду аз 9 то 20 ошёнаҳо ҳама то сохта шуданашон аллакай харидорӣ шудаанду мардум боз дар навбати хариданд. Дар хориҷа таҳсил кардани фарзандони сарватмандон чун ба мактаби миёна рафтани камбағалон осон гаштааст. Хидматгор барои хона, ронанда барои кӯдакон, муаллими хонагиву устоди варзишу рақс дар ошёни худ, дигар аҷобате надорад. Э, кӯр мешавем агар иқрор нашавем, ки бой ҳастему боз ҳар рӯз бойтар мешавем.
Камбағалӣ айб нест, кайҳо архаистӣ шуда, "камбағалӣ айби калон аст", ҷои онро гирифтааст. Бо камбағалоне, ки дирӯз худамон аз таборашон будем, дигар қудову хеш намешавем.
Дар Бадахшон ширчойро дигар танҳо субҳона менӯшанд. Дар Хатлон аз зиёдии ош дилгиранду аз он парҳез мекунанд. "Кабоби хуҷандӣ" ба Душанбе кӯчидаасту шашликҳои "тахтача"-ву "қатиқ"-ча ҳатто ба роҳҳои мусофиргузар "рехтаанд". Таксиву маршруткаҳо мусофиронро бо илтимос ба худ савор мекунанду бархе аз мо дигар ба таксӣ яъне мошинҳои "Опел" савор шуданро айб медонем.
Ба алам ба ёд меорам, ки соли 1998-2000 агар як нӯги поят ба даруни "маршрутка" ҷо мешуд, хоҳ зан бошиву хоҳ мард ба дари он овезон то 3-4 истгоҳ рафтанро "шараф" мепиндоштӣ. Бе ягон муболиға бой ҳастем, агар қасдан кӯр, кар ё ношукр набошем.
Бо маоши ҳазор сомонӣ танҳо зиёиёну одамони аз замони шӯравӣ монда кор кардан мехоҳанд. Ҷавонон ор мекунанд, ки корро аз зинаҳои поёнӣ оғоз кунанд. Ҷое мекобанд, ки даромаднок бошад, зеро онҳо ҳам хеле зуд бой шудан мехоҳанд. Зуд, осон ва ҳарчи бештар. Онҳо ақл ва вақти интизор шудану шукр кардан надоранд, ба ҳоли пирон механданд, ки бо каме қаноат кардаву сипос мегӯянд, дар ҳоле ки худ бой нестанд. Бой шудаем, бойе, ки дигар аз он ифтихор дорем. Пинҳонаш намедорем, зеро агар бифаҳманд, ки камбағалем, бо мо ошноӣ намеварзанд. Бой ҳастем, бойзода ҳастем, қариб, ки бойавлод мешавем.
Мағозаҳои техникаи муосир, мебелу қолинҳо, мошинҳо, ширкатҳои дару тирезаҳо ва мошинҳои "ақлдор", фарши гарму арши хунук бо хизматрасонии сарикасӣ кулли фармоишоти зиндагиро дар як мижа задан бароятон муҳайё месозад.
Кабобхонаву қурутобхонаҳо, питсаву гамбургеру чӯҷабирёнхонаҳо шаб то рӯз ба мизоҷон ҳатто ба хонаву дар, ё ҳар ҷои дилхоҳатон фармоишатонро ҳозир месозанд.
Интернетро қариб, ки то гӯр ҳам бурдаанду таҷҳизоти иттилоотӣ бо навтарину муосиртарин дастгоҳҳо дар ихтиёр дорем. Ҳар рӯз фикр мекунему ғам мехӯрему айб меҷӯем, ки боз дар зиндагиамон чӣ намерасад? Дигар ҷойи шубҳае нест, ки баробари бойҳои дигар кишварҳо, ки дороиву сарват доранд, дорем мо, вале…
Вале ҳанӯз ҳам баъзеҳомон ором намегирем. Зеро инсон барои қонеъ шудан, бояд чашми сер дошта бошад. Чашми серро қаноат пур мекунад ё… Бой, хеле бой шудаем.
Акнун бояд дар ҳамин андозаи зикршуда бойгарии дигар, ғановати маънавӣ пайдо кунем, то худро батамом бой биҳисобему орому хушбахт шукр бигӯем, чуноне ки ин миллат ба қарнҳо бо боигарии маънавӣ овозадор буду ҳамчунин мезист.
Он қадар бой аз дӯстон гаштаем, он қадар эътирофи ҷаҳониён шудем, он қадар ғановати маънавии аҷдодӣ дорем, ки дигар бой будани мо пӯшида нест. Мо бой ҳастем, зеро дар сарзамини бойтарин соҳибмулку соҳибихтиёрем.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: