Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОФТОБИ ДУРАХШОН

ОФТОБИ ДУРАХШОН

16-11-2017, 10:33
Хабарро хонданд: 152 нафар
Назарҳо: 0
ОФТОБИ ДУРАХШОН
Эмомалии Раҳмон, Президенти мардумист!

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муқоиса ба солҳои 90-ум ба куллӣ тағъир ёфта, дар манотиқи гуногунӣ кишвар иншоотҳои навин, роҳу кӯпрукҳои муосир, нақбҳо, биноҳои истиқомативу маъмурии замонавӣ, варзишгоҳҳо, мактабу коллеҷҳо, иншоотҳои фарҳангию – фароғатии муосир ва ғайра қомат афрохтаанд, ки ин ҳама бо саъю кӯшиш ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашта истодаанд. Табиист, ин ҳама дастовардҳо бо осонӣ ба даст наомадааст.
Дар рӯзҳои сахту дӯшвори соли 1992 баргузории иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯи кор омадани Ҳукумати нав бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон умеду орзуи мардум ва ҷомеаи ҷаҳониро ба фардои нек, ба сулҳу Ваҳдат ва созандагиҳо дар кишвари мо устувор намуд. Вақте ин хуршеди умед майли тулӯъ мекард, душманони миллату давлат ба ҳар восита вазъро дар кишвар ноором мекарданд. Абрҳои сиёҳи нофаҳмию ноадолатии баъзе аз инсонҳои ифродгаро пеши ин офтоби дурахшонро гирифтанӣ буду аммо сад шукр, ки ақли солим зуд ғолиб омад ва сиёсати созандаю сулҳҷуёнаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун оби софу зулоли кӯҳистон ба маҷрои худ дубора равон шуд. Бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Президенти кишар марҳилаи нави тозае дар ҳаёти халқи мо шурӯъ гардид. Ба куҷое, ки бингарӣ ҳама сарзабзу зебо, ҳама ҷо оростаю пероста. Ҳамаи ин иқдомҳои наҷиб бо талошҳои пайвастаи Роҳбари ғамхор, меҳандӯсту арзандакор. Маҳз ин сиёсати созанда боис гардид, ки дар тамоми самтҳои кишвар пешравию дигаргуниҳои куллиро ба миён овард, ки он дастовардҳо симои Тоҷтикистони зебою оростаамонро боз ҳам зеботару дилкаштар намуду бунёди корхонаву муассисаҳои замонавӣ дар рушди соҳаҳои мавҷуда, соҳаи фарҳанг, тиб, маориф ва илму техника, нақши бориз гузоштанд.
Президенти кишвар садоқату самимияташро дар назди халқу Ватан то ба имрӯз собит намуда истодааст. Таъсисёбии Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи зиёд ба аҳли фарҳанг буда, яке аз падидаҳои нави фарҳангие мебошад, ки бе восита бо ташаббуси наҷиби Пешвои миллат таъсис ёфтааст. Имрӯзҳо маъмурият ва аҳли кормандони эъҷодии муассисаи мазкур дастуру супоришҳо ва маслиҳатҳои Сарвари давлатро сармашқи кори эҷодӣ қарор дода, гомҳои устувор ба пеш ба сӯи эҷоди созу навоҳои дилчасп, гузошта дар гулбоғи санъати Тоҷикистон фазои муаттару атрангезеро ба миён оварда, пайваста тараннумгари васфи зебоиҳои ватани азизи худ мегарданд. Ҳамчунин аёдат ва ғамхорӣ ба пирону барҷомондагон, ятимону бенавоён, пайваста дар ғаму шодии халқ шарик будан яке аз сиёсатҳои аввалиндараҷаи Президенти мардумии мо мебошад. Ин ҳама меҳрубонию ғамгусорӣ, хирадсолорӣ, мардумнавозӣ буд, ки халқ ӯро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат эътирофаш кард ва имрӯз мо бо ғурури миллӣ аз худшиносии худ, рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун рӯзи муққадас ба таври хоса таҷлил менамоем, зеро сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат чун офтоби дурахшон ба ояндаи боз ҳам нек нурпошӣ мекунаду ба фарзандони дӯстдори ин марзу буми муқаддас ояндаи некро боқӣ мегузорад.
Моро ҳавас бар шӯълаи хуршед нест- нест
Хуршеди мост Сарвари Воломақоми мо.

Нусратуллои Маҳмадулло,
узви ҲХДТ


Ёвари директори МД «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: