Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба ғамхориҳо бо дастовард ҷавоб мегардонем

Ба ғамхориҳо бо дастовард ҷавоб мегардонем

30-08-2016, 15:13
Хабарро хонданд: 364 нафар
Назарҳо: 0
Ба ғамхориҳо бо дастовард ҷавоб мегардонем

Истиқлолият бо қудуми тозаи хеш дар тамоми самтҳои кишвар пешравию дигаргуниҳои куллиро ба миён овард,ки он дастовардҳо симои Тоҷтикистони зебою оростаамонро боз ҳам зеботару дилкаштар намуду бунёди корхонаву муассисаҳои наву замонавӣ дар рушди соҳаҳои мавҷуда нақши бориз гузошт. Миёни он ҳама самтҳо дар самти маориф,ки муаррифгари кишвари соҳибистиқлол маҳсуб меёбад, дар ин айём пешравиҳои назаррас ба миён омад. Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо имкон пайдо намуданд,ки соҳаи мазкурро ба яке аз соҳаҳои пешрафта табдил диҳанд . Дар рушди илму ҳунар, дар босаводгардонии фарзандони халқ гомҳои устувор бизананд.
Пас аз ноил гардидан бо ин дастоварди бузург шароити муассисаҳои таълимӣ хуб гардида барои сабақомӯзии хонандагон тамоми имкониятҳо фароҳам омад. Туфайли ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон фарзандони халқ имкони таҳсил бо чандин забонҳои хориҷиро пайдо намуда, илова бар ин барои мукаммал намудани савияи дониши худ, барои мутахассиси хуби соҳаҳои марбута гаштан тавонистанд,ки бея гон душворӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои бузурги мамлакатҳои мутарақии ҷаҳон таҳсили илм намоянд.
Мавриди зикр аст,ки имрӯзҳо Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, номзади илмҳои педагогӣ, профессор Нуриддин Саидов чун роҳбарони дигар вазорату муассисаҳои кишвар талош бар он доранд, ки соҳаи мазкур боз ҳам бештар равнақ ёбаду кадрҳои саводноки барои рушди ҷомеа зарур ҳар чи бештар тарбият карда шаванд. Бе муҳобот имрӯз бо қадами тозаи истиқлолият дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ , дар дурдастарин мавзеи кишвар мактабҳои хубу замонавӣ сохта ба истифода дода шудаанд,ки хонандаи имруз барои азбар намудани илм аз чизе танқисӣ надорад. Кадрҳои ҷавону болаёқат дар ҷодаи омӯзгорӣ низ хеле зиёданд,ки инро ҳар лаҳза мо мушоҳида менамоем. Яке аз дастовардҳои бузурги соҳаи маориф дар солҳои истиқлолият ин таъсиси мактабҳои хусуси, гимназияву литсейҳост. Ки аллакай самараи хкуб ба бор овардааст. Аз ҷумла Гимназияи №2 барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе ҳам падидаи ҳамин айм аст ва дар тарбияи шогирдони болаёқат ва воқеан дилбастаи илму ҳунар саҳми арзандаи хешро гузоштаву мегузорад.
То ҷои имкон кӯшиш ба харҷ дода истодаем,ки хонандагони аз тамоми воситаҳои илмазбаркунӣ бархурдор бошанд, бо нигоҳи нав, бо ҳунару малакаи дар рушди кишвар саҳм бигиранд.
Ҳамагон шоҳиди онем,ки ин падидаи неку таърихӣ ва арзандаву муқаддас осон ба даст наомадааст. Дар замоне ин хуршеди умед майли тулӯъ намуд,ки вазъ дар кишвар ноором гашт. Абрҳои сиёҳи нофаҳмию ноадолатии баъзе аз инсонҳои ифродгаро пеши ин офтоби дурахшонро гирифт..Аммо сад шукр,ки ақли солим хеле зуд ғолиб омад ва Истиқлолият чун оби софу зулоли кӯҳистон ба маҷрои худ дубора равон шуд.
Ба куҷое ки нанигари ҳама сарзабзу зебо, ҳамаҷо оростою пероста ва ин ҳамаро боис Истиқлолияти воқеӣ, истиқолияте. Ки дер боз деринтизораш будем.
Имрӯзҳо дар остонаи ин ҷашни фархунда қарор дорему бо ин санаи бузурги тақдирсоз ифтихор менамоем ва ҳамчун як фарди комилҳуқуқи кишвар , ҳамчун як омӯзгор, тарбиятгар назди худ вазифа мегузорем. Қавл медиҳе м, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо мерасем ва ба некиҳои он фарзанди сарсупурда, донишманд ва ғаюри миллати кишвар, ки дар рушди Тоҷикистони биҳиштоосоямон саҳми арзанда доранд,бо меҳнати ҳалол, бо дастоварду пешравиҳо ҷавоб хоҳем гуфт.
Холова Раҷабгул, сарвари гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: