Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Терроризм ҳам ҷаҳонӣ шуд

Терроризм ҳам ҷаҳонӣ шуд

8-11-2017, 11:00
Хабарро хонданд: 173 нафар
Назарҳо: 0
Терроризм ҳам ҷаҳонӣ шуд
Вақте дар мавриди ҷаҳонишавӣ гап мезанем ва пайомадҳои мусбати онро тавсиф мекунем, ҷиҳатҳои манфиашро ҳам як – як бояд баршуморем. Падидаи терроризм ва ифротгароии мазҳабиро низ, ки бо ҷой намудани андешаҳои бебунёд гурӯҳҳоеро ба бетафовутӣ нисбат ба пайвандон, Ватану миллат ва ҳама гуна рӯйдодҳои атроф талқин мекунад, метавон ба ин маҷмӯъҷой кард. Амали террористии як ӯзбекистонӣ дар Ню-Йорк намунаи тозаи зомби шудану зомби будан аст, ки худ аз падидаҳои даврони ҷаҳонишавист.
Дар ҳодисаи Ню-Йорк ронандаи мошини борбаре ба велосипедронҳо ва пиёдаравҳо ҳамла карду дар натиҷа 8 нафар кушта ва 12 нафари дигар захмӣ гардиданд.
Ҳодиса чунин буд, ки ронандаи бадкор дар маҳаллаи Менҳэтени Поён бо мошин аввал дучархасаворонро пахш кард, пас аз он ба автобусе, ки мактаббачагонро мебурд, бархурд.Чун мошин аз кор монд, аз он беруномад ва бо ду туфангча ба пиёдагардҳо таҳдид намуд.
Ҳоло бори дигар ин андеша ба сар меояд, ки аз террор ва терроризм сокинони ҳеҷ як гӯшаи дунё дар амон нестанд, зеро он торфат ба як падидаи ҷаҳонӣ табдил шуда истодааст.

Прокуратураи Америка акнун бо кушодани парвандае ба таҳқиқи аъмоли дастандаркори ин амал машғул аст. Иҷрочии ин амал боз ҳам як зодаи Осиёи Марказӣ Тошканд Сайфулло Соипов эълон шуда, ки дар марҳалаи оғозини таҳқиқ робитаи ӯ бо гурӯҳи «Давлати исломӣ» маълум гардид.
Бетафовутӣ ба назари атрофиён ва ба ҳар амалкарди худ, шаттоҳӣ ва берӯйӣ дар муносибат бо дигарон аз хислатҳои ин афроди мағзашон тасхиршуда аст, ки зимни шиносоӣ бо амалҳояшон ба мушоҳида мерасад.
С. Соипов дар ҷараёни амалиёти боздошташ аз сӯи нерӯҳои интизомӣ захмӣ гардид ва ба бемористон бурда шуд. Ба навиштаи расонаҳо, вақте 1 ноябр ба идораи суд бо аробача оварда шуд, ҳеч гуна ҳолату осори афсурдагӣ дар чеҳрааш набуд. Вақти баррасии мавзӯъ дар мурофиаи судӣ бозрасҳо гуфтаанд, ки гумонбар С. Соипов дархост намудааст, ки дар палатаи бемористон, ки баъди маҷруҳ шуданаш он ҷо хоб аст, парчами сиёҳи «Давлати исломӣ»-ро овезанд.
Сухани дигари ӯ ин будааст, ки аз кори кардааш «хеле шод аст» ва ҳеҷ пушаймоние надорад. Ӯ ин суханонро замоне гуфта, ки болои аробача савор буду дасту пояш завлона дошт. Суди Америка барои чунин ҷиноят метавонад ӯро ба қатл маҳкум кунад, аммо ӯ аламе дар чеҳра надошт…
Бепарво ба оқибати кораш, ки ӯбар иловаи ҳашт нафари кушташудаву даҳҳо нафари дигари захмӣ кардаааш дар Америка даҳҳо нафари дигар аз хешу табор ва пайвандонашро ҳам дар Ӯзбекистон бо ин амали худ зиндабагӯр кардааст.
Пас аз шиносоӣ бо аъмоли террористии ӯ Бюрои федералии тафтишоти Америка марди дуюм ва эҳтимол аз шариконашро бо номи Муҳаммадзоҳир Қодиров, ки 32 – сола аст, дастгир кард, ки низ аз ҳамшаҳриёни С. Соипов будааст.
С. Соипов, ки ҳоло 34 сола аст, соли 2010 бар асоси барномаи картаи сабз (Green Card), ки як навъи бозӣ бо лоторея аст, ҳаққи сафар ва кор дар Америкаро дарёфт намуда буд.
Бино багузоришҳо, бо ин барнома дар панҷ соли гузашта аз Тоҷикистон ҳам ба ИМА ду ҳазору 760 нафар рафтаанд. Ба маълумоти сафорати Америка дар Душанбе, дар мавсими солҳои 2015 -2016 аз Тоҷикистон фақат 528 нафар бо ширкат дар лотореяи «грин карт» визаи сафар ба ин кишварро дарёфт кардаанд. Чун аҳолии Ӯзбекистон қариб 4 баробари кишвари мост, пас метавонбо тахмин гуфт, ки аз кишвари ҳамсоя қариб даҳ ҳазор дар ин муддат бо дарёфти «картаи сабз» ҳақи сафар ба Америкаро гирифтаанд. Ин дар ҳоле аст, ки ба воситаи барномаҳои таълимӣ ва барои кор низ солона садҳо тани дигар аз шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба Америка роҳ ёфтаанд. Инҳо шаҳрвандоне мебошанд, ки ихтиссосҳои гуногун доранд ва забони англисиро ҳам хуб медонанд.Агар бахше аз ин афродро дар ҳақиқат шавқу шӯри ҷавонӣ ва фароҳам намудани шароит барои бунёди зиндагии беҳтар ба он кишварбурда бошад, теъдодеро ҳам дарёфти пулу моли ҳангуфту осон роҳии он кишвар мекунад.
Коршиносон ҳар чӣ бештар бонги изтироб мезананд, ки ҷаҳонӣ шудан аз пайи ҷаҳонӣ кардани иқтисоду паҳлуҳои дигари зиндагӣ терроризмро ҳам ҷаҳонӣ мекунад. Ҳодисаи ахир намунаи равшани ин иддао аст.
Инҳое, ки ба Америка мераванд ва даст ба террор мезананд, ё онҳое, ки аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба Русия мераванд ва ифротӣ мешаванд, дар кишварҳои худ, дар пеши падару модари худ чунин набуданд, балки дар муҳити нав ба ин вирус олуда гардидаанд.
Террористон Осиёи Марказиро бадном мекунанд

Гурӯҳи «Давлати исломӣ», ки дар оғоз ғояи таъсиси халифатро дар сатҳи ҷаҳон эълон карда буд, дар гузашта танҳо марбути як минтақа буд, аммо бубинед, имрӯз мубталоёни ин ғоя ва андешаи ифротӣ дар саросари дунё тарбия мешаванд.

Пайравони ин ғоя агарчӣ дар узвияти «Ҳамос» бошанд, ё дар ҷараёни «Бародарони мусалмон», Толибон, ё «Ан – Нусра» ва хоҳ дар ҷараёнҳои дигари радикалии фаъол ҳама як душман доранд ва ҳар куҷо дастур диҳанд, чӣ дар Америка, чӣ дар Русия ва чӣ дар Исроил иҷрои вазифаи худро, албатта бар ивази подош қарз медонанд.
Ин амалҳо ва пайи ҳам эълон шудани шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар чунин амалҳои террористӣ дар шаҳрҳои бузурги Америка ва кишварҳои аврупоӣ шояд ҳадафи дигар ҳам дошта бошад, ки дастандаркорони ин тарҳ, ки ҳамеша пушти парда ҳастанд, дар ояндавудар марҳалаҳои дигари амалкарди худ истифода мебаранд? Мабодо рӯзе расад, ки Fарб тамоми миллатҳои сокини кишварҳои ин минтақаро ба терроризм ва худи кишварҳоро ба манбаи террор муттаҳам карда, кадом балоеро ба сари ин мардум наорад.
Пайвандони Соипов: «Сайфуллоро фиреб додаанд»
Хоҳари Сайфулло, ки акнун ба амали террор дар Ню –Йорки Америка муттаҳам аст, ба хабарнигорон гуфтааст, ки «Бародараш шояд зери таъсири дигарон ба ин амал даст бошад».
Умеда Соипова гуфтааст, ки «Модарам як бор соли гузашта ва як бор имсол баАмерика рафта буд ва дар рафтори бародарам ҳеҷ гуна нишонаи шахси ифротиро мушоҳида накардааст, агар ӯ чизе мушоҳида мекард, Сайфуллоро бо худ ба Ӯзбекистон меовард».
Хоҳар ба ин гуфтаҳо, ки аз дохили мошинаш мактубе дар васфи гурӯҳи «Давлати исломӣ» -ро пайдо кардаанд, низ бовар надорад
Аммо гурӯҳи «Давлати исломӣ» пас аз амали террористии Ню - Йорк дар интернет хабаре интишор дод, ки дар он навишта шудааст: «Яке аз сарбозони «Давлати исломӣ» ба чанд салибӣ дар кӯчае дар Ню –Йорк ҳамла кард» . Дар ин паём гурӯҳи «Давлати исломӣ» Соиповро «сарбози хилофат» номида, аз ин рафтораш ситоиш намудааст.
Умеда Соиповабошад мегӯяд: «Мо намедонем, кӣ ӯромағзшӯӣ кардааст, мо аз шароити зисту кору бори ӯ огоҳ набудем. Мо намедонем, шояд ба гурӯҳе пайваста бошад».
Хоҳар ҳам эътироф намуда, ки бародараш пас аз издивоҷ дар соли 2013 риш монда буд ва бори аввал вақте ӯро бо чунин риши дароз диданд аз сураташ тарсидаанд. «Вақте бори аввал ман ӯро дар Скайп дидам, дар ҳақиқат ҳамаи аҳли хонаводаамон тарсидем. Ман гиря кардам ва пурсидам, ки чаро чунин риш мондӣ?»
Бародараш дар ҷавоб гуфтааст, ки мошинашро чанд дафъа манъ карданд ва худашро заданд, барои ҳамин риш монд, ки калонсол тобад ва онҳоро «тарсонад».
Дар идомаи ин суҳбати хоҳар омадааст, ки аҳли хонавода як рӯз пеш аз ҳамлаи террористии Сайфулло дар Ню-Йорк бо ӯ суҳбати телефонӣ доштаанд.
Умеда гуфтааст: «Ман бо ӯ як рӯз пеш суҳбат кардам, рӯҳияааш хуб буд. Суҳбати одӣдоштем вааз ҳар мавзӯъ хуб гап задем».Ба қавли хоҳараш,бародараш гуфтааст, ки дар роҳ ба сӯи фурудгоҳ барои гирифтани як нафар (мизоҷаш) равон аст ва ҳам ширинии дӯстдоштаи модарашро мехӯрад».
Аммо нафаре, ки чанд рӯз пеш дар бораи модар суҳбат мекунад ва бо оромӣ ба хоҳар қиссаҳо мегӯяд, чӣ тавр бо гузашти андак вақт ҳамаро аз ёд мебарад ва ба худ нақши ҷаллодро мегирад? Ин албатта муаммое аст, ки ҷавоб мехоҳад...
Умеда Саипова исрор кардааст, ки пас аз ин ҳодиса мехоҳад ба Америка биравад ва бо бародараш суҳбат кунад, то бифаҳмад, ки чӣчизе ӯро ба хушунат тела дода бошад.
Ҳоло Сайфулло дарбемористоне дар Менҳэтен табобат мегирад. Эндрю Куомо, губернатори иёлати Ню-Йорк гуфтааст, С.Соипов баъди омадан ба Америка дар соли 2010 ифротӣ шудааст.
Пас аз чанд соати ҳамла Доналд Трамп, Президенти Америка дар Твиттери худ навишт, ки «террористи Ню-Йорк» бояд ба Гуантанамо фиристода шавад, ки онҷо мақомоти Америка даҳҳо нафарро ҳамчун «ҷанговарони душман» нигаҳ медоштанд. Вале бо гузашти андак вақт Трамп фикрашро дигар карда ва боз ҳам навишт, ки «ин ҷинояткор сазовори«ҳукми қатл» аст.
Аммо пайвандони Сайфулло, ки бо тафовут аз худи ӯ акнун дар ғам нишастаанд, ва шабу рӯз мегирянд аз мақомоти Америка илтиҷо доранд, ки ба ӯ ҳукми қатл надиҳанд то ӯ вақт ёбад, ба худ ояд ва асли гапро бигӯяд, ки ба вай чӣ шуд.
Ҳоло мақомоти амниятии Ӯзбекистон ҳам ба баррасии ин мавзӯъ пардохта, дар чорчӯби як парванда пайвандони Сайфулло модар, падар ва амакашро бозпурсӣ мекунанд. То омил ва решаҳои ин ҷиноятро биёбанд.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: