Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Умедвориҳо аз нишасти Тошканд

Умедвориҳо аз нишасти Тошканд

19-06-2016, 14:30
Хабарро хонданд: 296 нафар
Назарҳо: 0
23-24 июн дар пойтахти Ӯзбекистон нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад. Тоҷикистон дар ин ҷаласаи сатҳи олӣ пешниҳоду роҳкорҳои тозаеро ҷиҳати иҷрои тарҳҳои тасвибшуда дар доираи ин созмон ба миён хоҳад гузошт.

Мубориза бо терроризм аз меҳварҳои баҳс
Мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ аз меҳварҳои баҳси сарони кишварҳо эълон шудааст.

Ҳафтаи гузашта (15 июн) ба таъсиси СҲШ 15 сол пур шуд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, саммити Тошканд тадбирҳоеро дар робита ба ҷашни ин сана низ дар барномаи худ хоҳад дошт.

Котиби генералии СҲШ Рашид Олимов дар ситоди ин созмон, ки дар Пекин аст, доир ба барномаи нишасти Тошканд ба хабарнигорон гуфтааст, ки дар ҷаласа Эъломияи Тошканд қабул шуда, “Нақшаи роҳ”-и фаъолияти созмон барои солҳои 2016- 2020 ба тасвиб мерасад. Ба гуфтаи ӯ, дар байни беш аз даҳ санаде, ки тасвиб мешвад, бори аввал дар таърихи 15-солаи созмон барномаи ҳамкорӣ дар заминаи туризм низ хоҳад буд. Рӯзи 24 июн сарони кишварҳои узв тасмиме мегиранд, ки ба гуфтаи ӯ, ҷомеаи байналмилалиро ба таври гуворо ҳайрон мекунад.

СШҲ дар муддати мавҷудияти худ асосан ба масъалаҳои иқтисодӣ, башарӣ таваҷҷуҳ нишон медиҳад, аммо ҳамзамон дар ҷиҳати муборизаи муштарак бо “се бадӣ” - тероризм, ифротгароӣ ва ҷудоиталабӣ ҳам тадбирҳоеро мавриди баҳс қарор дода, ҷиҳати иҷрои онҳо барнома месозанд.

Ин бор низ дар назар аст, нақшаи тозаи муқобила бо нуфузи қувваҳои ифротӣ, мавзӯи тақвияти амалкарди сохтори минтақавии зуддитерористии СҲШ, тақвияти механизм барои табдили иттилоот мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Вазири корҳои хориҷаи Русия ду ҳафта пеш дар поёни ҷаласаи Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои аъзои созмон, ки низ дар Тошканд баргузор шуд, гуфт, ки терроризм ва қоҷоқи маводи мухаддир аз таҳдидҳои муштарак дар маҳдудаи созмон ва барои ҳамаи кишварҳои минтақа мебошад. Ба ин далел, истифодаи муассиртар аз формати иқдомоти ҷамъӣ дар чорчӯби СҲШ ба нафъи ҳамаи мо хоҳад буд.

Чунин ба назар мерасад, ки амалҳои террористии 5-6 июн дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон бори дигар зарурати ин гуна ҳамкориро возеҳ ба ҳар яке аз кишври узви созмон нишон дод. Фаъолияти як гурӯҳи ифротӣ, ки муддати ду рӯз оромии ин шаҳрро аз байн бурда буд, ҳушдори дигаре ба мақомоти ҳамаи кишварҳои минтақа дар арафаи баргузории нишасти Тошканд буд.

Аз ин сабаб аст, ки давлати Ӯзбекистон барои таъмини амнияти иштироккунандагони нишаст ва пешгирӣ аз ҳар гуна амали номатлуб марзи худро бо кишварҳои ҳамсоя баст ва рафту омади воситаҳои нақлиёту мусофиронро дар остона ва дар рӯзҳои баргузории нишаст маҳдуд намуд.

СҲШ рӯ ба тавсеа аст
6 узви СҲШ: Русия, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон , 6 кишвари нозир (Афғонистон, Белорус, Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон, Покистон) ва кишварҳои шарик дар гуфтугӯ (Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия, Шри-Ланка) ҳанӯз ҳадди ниҳоӣ барои ин созмон набуда, панҷ кишвари дигар низ барои ҳамкорӣ эълони омодагӣ кардаанд. Ҳамин ҳоло дар маҳдудаи кишварҳои номбурда беш аз 3 миллиард ҷамъият зиндагӣ мекунанд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишварҳо қариб 37 триллионро ташкил медиҳад, ки ин аз се як ҳиссаи нишондиҳандаи ҷаҳонӣ мебошад.

Ба гуфтаи Р. Олимов дархости панҷ кишвари дигари омодаи пайвастан ба созмон дар ҳоли баррасӣ аст, аммо ин ки масъала ҳанӯз мушаххас нашудааст, аз ин сабаб ҳаққи ошкор кардани номашонро надорад. Ба ҳар сурат ӯ тавзеҳ дод, ки яке аз ин кишварҳо аз Аврупои Шарқӣ, дигаре аз Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва се кишвар аз Ховари Миёна мебошанд.

Коршиносон дар миёни кишварҳои нозир вазъияти Ҳиндустону Покистонро барои пайвастан ба созмон беҳтар медонад. Ба ақидаи онон, ин ду кишвари пурқудрати минтақа 11 сол аст, ки унвони нозирро доранд ва тайи ин муддат барои иҷрои шароити узвият худро комилан омода кардаанд.

Санади омода кардани асноди лозим барои узвияти ин ду кишвар ба созмон аз сӯи сарони кишварҳои узви СҲШ соли 2015 дар нишасти Уфаи Русия ба имзо расида буд.

Дар ҷаласаи Тошканд интизор меравад, ёддошти тафоҳум барои уҳдадориҳои Ҳиндустону Покистон ба хотири гирифтани мақоми аъзои СҲШ имзо мешавад.

Узвият ба созмон талабот ва уҳдадориҳои худро дорад. Риояи бечунучарои шароити беш аз 30 ҳуҷҷати муҳими то ба ҳол ба имзорасида, аз ин ҷумла мебошад. Тибқи низомнома кишварҳои нави узв ин санадҳои муҳимро ба тадриҷ имзо мекунанд.

Коршиносон бовар доранд, ки ин иқдом барои тақвияти потенсиали сиёсию иқтисодии СҲШ, боло рафтани эътибору нуфузи он дар саҳнаи байналмилалӣ ҳам мусоидат мекунад.

Эҳтимоли баррасии узвияти Эрон, як кишвари дигари талабгори пайвастан ба созмон низ мавҷуд аст. Тавре қаблан эълон шуда буд, кишварҳое, ки таҳти таҳримҳои байналмилалӣ қарор доранд, ба созмон пазируфта намешаванд, аммо дар чанд моҳи гузашта Америка бахши асосии таҳримҳои худро дар муқобили ин кишвар бекор кард ва ҳоло имкон пайдо шудааст, ки мавзӯи табдили ин кишвар аз узви нозир ба кишвари узв дар нишаст матраҳ шавад.

Туркия ба нишасти Тошканд даъват нашуд
Туркия дар гузашта дархости пайвастан ба кишварҳои шарики гуфтугӯи СҲШ карда буд. Аммо ба гуфтаи манбаъҳои расмӣ, Раҷаб Тайиб Ардуғон - президенти ин кишвар ба нишасти Тошканд даъват нашудааст. Ин ба он маъност, ки мавзӯи шарик шудани Туркия ба созмон дар дастури кори ҷаласаи Тошканд қарор надорад. Возеҳ аст, ки сард шудани робитаҳои Туркия бо Русия дар пайи аз байн бурда шудани ҳавопаймои русӣ дар хоки Сурия аз сӯи ҳавопаймои ҷангии Туркия мавзӯи ҳар гуна ҳамкорӣ бо Анкара дар доираи СҲШ -ро барои вақти номуайян аз байн бардоштааст.

Ин ҳодиса дар ҳоле рӯй дод, ки кишварҳои узви созмон эҷоди боварӣ ба якдигарро аз меҳварҳои ҳамкорӣ медонанд.

Аз ҷумла Хитой ба унвони кишваре, ки дар ташкили ин созмон нақши асосӣ дорад мақсад гузоштааст, дар нишасти Тошканд барои таҳкими эътимоди тарафайн, ҳушёрии сиёсӣ бар зидди таҳдидҳои имконпазир, беҳтар намудани раванди ташаккули СҲШ ва рушди робитаҳои башардӯстона пешниҳодҳои тозаро ба миён гузорад. Ба ақидаи мақомоти чинӣ ин иқдом барои самаранокии фаъолияти созмон ва аз байн бурдани зиддиятҳо байни аъзои он имкони бештар фароҳам мекунад.

Он чӣ ки ба ҳамгироии иқтисодӣ дар доираи созмон рабт мегирад, Пекин умедвор аст, ки саммити Тошканд аз ибтикори Чин барои эъҷоди камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим ҳимоят карда, барои таҳияи барномаи амалӣ шудани он дастур медиҳад. Дар ин замина таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ ва ташкили Бонки рушди СҲШ низ пешбинӣ шудааст.

Хитой аз кишварҳои хеле ҳавасманд барои тавсиаи ин созмон буда, ба ҳар кишваре, ки мизбони нишасти сатҳи олӣ мешавад, ёриҳои техникӣ мерасонад. Аз ҷумла ба Ӯзбекистон барои баргузории хуб 50 мошини Cadillac ва чор автобуси хурди Coach Higer ҳадя кардааст.

Нишасти 16 –уми сарони СҲШ як сол пас дар Остона пойтахти Қазоқистон баргузор хоҳад шуд. Он дар рӯзҳое чарён мегирад, ки ин кишвар намоишгоҳи байналмилалии "Экспо-2017" баргузор мекунад.

Тоҷикистон ва нишасти Тошканд
Бисёриҳо дар ёд доранд, ки пас аз сардии давомдор дар робитаҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон нишасти сездаҳуми сарони СҲШ (июни соли 2014) дар Душанбе умедвориҳо барои гарм шудани муносибатҳои дуҷонибаро бедор карда буд. Президенти Ӯзбекистон пас аз солҳо худдорӣ кардан аз сафар ба Тоҷикистон он вақт барои иштирок дар ин нишаст, ки дар Кохи Наврӯз – муҷтамеи навбунёди дорои арзиши баланди ҳунари меъморию муҳандисӣ аст, ба Душанбе омад.

Дар ҳошияи он ҷаласа Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳар кадом аз президентҳои иштирокчӣ, аз ҷумла бо Президенти Узбекистон мулоқоти самимона баргузор кард.

Мо аз дидори раҳбари ду кишвари ҳамсоя дар Тошканд низ умедвориҳои зиёде дорем. Шояд бо истифода аз шароити нишасти Тошканд ва гуфтугӯҳое, ки дар ҳошияи он байни сарони ду кишвар баргузор мегардад, баъзе аз масъалаҳое, ки боиси ихтилоф дар робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аст, мавриди баҳс қарор мегирад ва барои ҳалли онҳо тадбирҳо андешида мешаванд.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: