ОБУ ҲАВО: дар шарқи Тоҷикистон боридани барф дар назар дошта шудааст18-09-2017, 14:30
Хабарро хонданд: 250 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 18.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. То охири моҳи сентябр вазъи обу ҳаво дар кишвар тағйирёбандаи абрнок боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо пастшавии ҳарорат, бориши боронҳои кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва дар шарқи мамлакат боридани барф пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 18 сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар бештари ноҳияҳо пастшавии ҳарорат ба назар мерасад. Дар доманакӯҳҳо гармӣ рӯзона ба 30 дараҷа мерасад. Ҳаво дар шимоли кишвар тағйирёбандаи абрнок гашта, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Гармӣ дар водиҳо нисбат ба рӯзҳои қаблӣ паст гардида, ҳарорат рӯзона ба 33 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба 21 дараҷа мерасад. Обуҳавошиносони кишвар барои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки боронию барфро пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқ ва ғарби вилоят ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, ҳарорат дар ғарб 22-27 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар шарқи ин вилоят ҳавои ноустувор ва боридани барф пешгӯӣ шуда, ҳарорат ба 14 дараҷа мерасад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва боридани боронҳои кӯтоҳмуддатро пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 35 ва дар доманкӯҳҳо ба 28 дараҷа мерасад. Агентии обуҳавошиносӣ барои сокинони пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе ҳавои чун рӯзҳои қаблӣ тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мекунад. Дар Душанбе ҳарорати ҳаво шабона ба 12-14 ва рӯзона ба 33-35 дараҷа мерасад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.