Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Холу хат

25-09-2017, 15:17
Хабарро хонданд: 265 нафар
Назарҳо: 0
Холу хат
Тамоили ҷавонон ба «татуировка» ташвишовар аст
Донишмандони илмҳои физикаю ядрошиносӣ (ҳастаӣ) маълум кардаанд, наназарраҳои рангҳое, ки барои холкӯбӣ (татуировка) истифода мешаванд аз пӯст ба гиреҳҳои лимфат гузашта ва пас аз он дар тамоми бадан паҳн мешаванд.
маҷаллаи илмии Scientific Reports, нашрияи Ҷамъияти кимиёшиносони Америка бо интишори матлабе дар ин маврид афзудааст: «Инсонҳое, ки ба холкӯбӣ одат кардаанд ва татуро аз воситаҳои зебоӣ медонанд бехабар аз пайомадҳои ин амал ҳастанд. Балки онҳо бештар дар фикри пайдо кардани устои баҳунар ва толорҳои ороишии овозадор мебошанд. Барои ононе, ки чунин як рӯҳияро доранд аҳамият надорад, ки ба воситаи ранге, ки устоҳои холкӯб истифода мекунанд таркиби зарарноки маводи химиявӣ ба бадани онҳо ворид мешавад, ҳамон гуна, ки духтурон ба мо барои дафъи дарду бемориҳо бо сӯзан ба бадани мо дору равон мекунанд».
Инсонҳо ҳанӯз дар гузаштаҳои дур одати дар пӯсти бадани худ кашидани расму рамзҳоро омӯхта буданд ва бо гузашти солҳо ин одат ба як навъ ҳунар табдил ёфт ва барои баъзе аз қабилаҳо холкӯбӣ анъанаи қавмӣ ва динӣ шуд. Аммо имрӯз ин одат решаҳое барои густариш дар маҷмӯи одатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ давонида истодааст.
Бар асоси далелҳое, ки донишмандони фаронсавӣ дар ин маврид ба нашр расондаанд, зимни ошноӣ бо таркиби химиявии рангҳои мавриди истифода барои татуировка мушаххас гардидааст, ки онҳо дорои моддаҳои токсикӣ (заҳрнок), аз чумла оксиди титан ҳастанд. Молекулаҳои ин мавод метавонанд ҳангоми паҳн шудан дар пӯсти бадан илтиҳоб ва дигар пайомадҳои бади таъсиррасон ба рӯҳу равони одамро дошта бошанд.
Ҳангоми озмоиши довталабонаи пӯсти холкӯбишудаи чор нафар маълум гардидааст, ки пас аз бурида гирифтани пораи холкӯбишудаи пӯст ранги он таъсирашро гум накарда, ба дигар қисматҳои бадан меравад.
Маводи заҳрноки як бор ба бадан воридшударо аз пӯст ҷудо карда гирифтан осон набудааст ва он дар гиреҳҳои лимфатӣ ҷамъ шуда, ба шакли доғ боқӣ мондааст.
Пас аз озмоиш дар бадани ин довталабон гиреҳҳои лимфатии васеъшуда молекулаҳои зиёдеро ҷудо кардаанд, ки оғози илтиҳоб (воспаление) –и пӯст ва ҷамъ шудани молекулаҳои хатарноки химиявӣ шуданд. Пажӯҳишгарон дар натиҷаи чунин озмоиш маълум кардаанд, ки молекулаҳои ҷамъшуда метавонанд ДНК (DNA) –и хунро вайрон кунанд. Дар натиҷаи таҳқиқ эълон шуд, ки холкӯбӣ барои саломатии инсон хатарнок мебошад.
Мо ба ин мавзӯъ кам аҳамият медодем ва қариб таваҷҷуҳ намекардем, агар ҳамарӯза даҳҳо духтару писарони ҷавони дар бадан холкӯбӣ шударо намедидем. Авҷ (кулминатсия) - и мушоҳидаҳо он буд, дар рӯзҳое, ки Намоишгоҳи тиҷоратию иқтисодии Чин дар Кохи Борбад мегузашт, дар бахши ҳунарҳои сунатии ин кишвар ҷавонони холкӯб нусхаҳое аз маҳсули дасти худро ба намоиш гузошта буданду ба бинандаҳо пешниҳод ҳам мекарданд, ки агар бихоҳанд намунаҳоеро аз ҳунари худ дар бадани ҳар хоҳишманд «сарироҳӣ» мекашанд. Бо шунидани ин пешниҳод чандин ҷавон дасту рӯ ва ҷойҳои дигари баданашонро боз намуда барои иҷрои ин амал омода шуданд. Баъдтар акси яке аз духтарон, ки устобачаи ҳиндӣ дар ин намоишгоҳ ба маҳали гарданаш наққошӣ мекард, дар сайтҳои хабарӣ ба нашр расид…
Ин аксро дида хабаре ба ёдам омад, ки гуфта мешуд: марди аз ҳама бисёр холкӯбишуда дар Британияи Кабир бо номи Мэттю Уэлан мумкин аст аз як дасташ маҳрум шавад. Ин мард, ки дар давоми 37 сол зиёда аз 300 нақши татуиро дар бадани худ кашидааст ва ин корро ба як шуғли дӯстдошта табдил дода буд. Ӯ дар ҳоле ки пайваста аз рӯйи ҳавову ҳавас ин амалро анҷом медод, акнун гирифтори мушкил шуда ва табибон буридани як дасташро як роҳи наҷоташ медонанд.
Дар миёни мардуми сокини Тоҷикистон агарчӣ холкӯбӣ то чанд соли пеш дар як сатҳи одӣ ва муътадил буд, акнун зери таъсири омилҳои берунӣ рӯ ба густаришу ривоҷ овардааст. Ҳоло ҷавонон ба ҷойҳои нозуки баданашон нақшҳои гуногунро холкӯбӣ намуда, ба намоиш мегузоранд. Тобистону рӯзҳои гарми фасли тирамоҳ мавқеи хуби ба намоиши ом гузоштани ин наққошиҳо буд. Дасту пой, камару гардан, буни гӯшҳо қисматҳе ҳастанд, ки нақшҳо ва дар бисёр маврид рамзҳое кашида шудаанд ва соҳибонашон барои нишон додан ба дигарон он ҷои бадани худро урён карда, дар хиёбону дигар ҷойҳои пурҷамъият мегаштанду мегарданд.
Холкӯбӣ «санъат»- и хоси маҳбусон буд
Дар гузаштаи начандон дур, ки замони Шӯравӣ номаш мебарем, мо холкӯбиро бештар дар дасту бозу ва бадани онҳое медидем, ки пас аз адои муҳлати ҷазо аз зиндон озод мешуданд. Он як нишонаи даврони маҳкумият ба шумор мерафт. Мегуфтанд, ки маҳкумшудагонро режими маҳбас маҷбур мекард, ки бадани худро холкӯбӣ кунанд, то пас аз озод шудан дигарон дар озодӣ бифаҳманд, ки онҳо «мактаб»- и маҳбасро гузаштаанд. Дар он рӯзгор дар ҷомеа аз мушоҳидаи чунин одамон ҳазар мекарданд, вале худи маҳбусони собиқ шояд фахр доштанд.
Он замон татуировка бепул буд, ҳоло хоҳишмандон барои пӯсти зебою модарзоди бадани худро зишт кардан ба устоҳо пул медиҳанд. Дар ҳоле ин корро мекунанд, ки баъзе аз соҳибназарон холкӯбиро навъе аз тамға барои афроде медонанд, ки тамоили ҷудо ва дар назари ом буданро доранд. Онро барчаспе медонанд, ки хоси аҳмақон аст ва бо шахсони холкӯбии зиёд ҳамсуҳбат шуданро кори беҳуда меҳисобанд. Ин гунаҳоро монанд ба маймунҳое медонанд, ки барояшон иҷрои ҳар коре тафовут надорад. Агарчӣ маймунҳо ҳадди ақал даъвои мавҷудоти дорои тафаккурбударо намекунанд.
Бо дидани як, даҳ сад ва аз ин зиёд одамони холкӯбшуда дар кӯчаю хиёбон, дар барномаҳои телевизионию дар саҳнаҳои консертӣ ва дар филмҳо ба худ меандешам, ки ё мо, ҳама саросар маҳбусҳои аз зиндонҳо озодшуда ҳастем ё ҳамин зиндагии одии мо оҳиста – оҳиста ба рангу равиши хоси зиндонҳо арҷ мегузорад.
Холкӯбӣ хоси аъзои гурӯҳҳои ҷиноӣ ҳам ҳаст
Раҳбари хатарноктарин дастаи ҷиноӣ дар Америка Мара Салватруча ҳам аз ҷумлаи афроде аст, ки баданаш пурра холкӯби шудааст. Аъзои дастаи ӯ низ аксар дорои «татуировка» мебошанд.
Мара Салватруча, ки ҳамчунин бо лақаби MS-13 машҳур аст, яке аз гурӯҳҳои ҷинояткори зӯргӯ ва хатарнок дар қитъаи Америка дониста мешавад.
Вай бо амалҳои ғоратгаронаю ҷиноятпешагии худ дар ИМА, Мексика ва Канада маълум аст.
Бино ба гузоришҳо, ин гурӯҳ дар ҳоли ҳозир дар 42 иёлати ИМА ва чанд кишвари Америкаи Лотинӣ амал мекунад. Мутобиқ ба омори дар расонаҳо нашршуда аз 70 то 100 ҳазор нафар таҳти ному ҳадафҳои ин гурӯҳ амал мекунанд. Манбаи асосии даромади ин гурӯҳ фурӯши маводи мухаддир аст, ки аз Мексика ба кишварҳои дигар интиқол медиҳанд.
Дар бадани бисёре аз қурбониёни ин гурӯҳ 13 захми корд ва ҳарфи лотинии «М» гузошта мешавад. Дар алифбои лотинӣ ҳам ба монанди алифбои арабӣ ҳар кадом ҳарф шумораи худро дорад ва ҳарфи «М» баробари «13» ва маънои дигари он «Mara», яъне «банда» - даста аст.
Ана аъзои ҳамин «банда» бар иловаи қочоқи маводи мухаддир ба хариду фурӯши одамон, фаҳшогарӣ ва аламанӣ (рэкет) машғул аст.
Аъзои гурӯҳ тобеияти худро пинҳон намедоранд ва ҳар яке тамға -«татуировка»- и махсус марбут ба ин гурӯҳро дорад. Нишонаи дигари гурӯҳ пероҳани сафеду кабуди чорхона мебошад, ки ҳар яке аз аъзои гурӯҳ мепӯшанд. Президенти Америка Доналд Трамп, ахиран бо ишора ба таҳдидҳои гурӯҳои ҷиноӣ, ки аз хоки Мексика ба кишвараш ворид мешаванд, нобуд кардани ин гурӯҳро яке аз мақсадҳои давлати таҳти мудирияти худ донист. Ӯ гуфт, ки хатари ин гурӯҳ «баробар ва ҳатто бадтар аз Ал –Қоида аст».
Дар ҷомеаи Тоҷикистон пайдо шудани дӯстдорони «санъат»- холу хат ва густариш ёфтани онҳо тавассути фаъолияти озоди устоҳое, ки ҳузури худро ба воситаи эълону рекламаҳо маълум ва ба хоҳишмандон хидматрасонии (албатта пулакӣ) –и худро пешниҳод мекунанд, ҳоло барои бисёриҳо чандон хатарнок ва нигаронкунанда ба чашм намерасад. Аммо дар ояндаҳо бо афзоиши шумораи мубталоён ё гаравидагони ин «беморӣ» он шояд барои ҷомеа дарди сар пеш оварад.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: