Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷавонон ва варзиш – зидди нашъамандӣ»

Ҷавонон ва варзиш – зидди нашъамандӣ»

18-09-2017, 14:41
Хабарро хонданд: 174 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавонон ва варзиш – зидди нашъамандӣ»

Дар ноҳияи Деваштич бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич мусобиқаи варзишӣ оид ба карате-киокушинкай байни ҷавонон ва наврасони ноҳия баргузор гардид. Мусобиқа дар руҳияи баланди намунавӣ баргузор гардида, устодону варзишгарони беҳтарин ба қадршиносии Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич сазовор гардиданд, аз ҷумла ба Ашӯрова Зӯҳро, Раҳимов Фаризшоҳ, Нуруллоев Фарзод ва Юлдошев Замир Ифтихорномаҳо ва барои ишғоли ҷои 3 – ба Хӯҷақулов Хӯҷақул, ҷои 2 – Шарипов Шаҳзод ва ҷои 1 – Нуруллоев Фарзин туҳфаю дипломҳо супорида шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки варзиш дар ҳама давру замон ҳамчун қосиди сулҳ, омили муҳими таҳкими дӯстии халқҳо ва муаррифгари кишварҳо, инчунин воситаи беҳтарини саломатии инсонҳо ва густариши тарзи ҳаёти солим дониста шудааст.
Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш диққати махсус зоҳир намуда, ба пешрафти ин соҳаи муҳими ҳаёти ҷомеа такони ҷиддӣ бахшида, дар саросари ҷумҳурӣ садҳо толору майдонҳо ва маҷмааҳои варзишӣ сохтаву мавриди истифода қарор додаанд.
Соли 2017 эълон гардидани «Соли ҷавонон» бо мақсади боло бурдани нақши ҷавонон ва истифодаи нерӯи онҳо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ - иҷтимоӣ, илмӣ - фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, инчунин таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарварию меҳанпарастӣ ва миллатдӯстӣ, аз масъалаҳои басо муҳим дар назди роҳбарияти Ҳукумат ва дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин самт аз тарафи Пешвои миллатамон дастгирӣ ва ғамхориҳои басо беназир зоҳир карда мешавад.
Яке аз мақсадҳои дар ноҳия ташкил намудани чунин чорабинӣ аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамзамон шӯъбаи Вазорат дар ноҳияи Деваштич ин боз ҳам тақвият бахшидани тарбияи ҳуқуқии наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати сиёсии онҳо буда, баҳри баланд бардоштани масъулияти онҳо дар мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла экстремизму терроризм равона гардидааст.
Дар радифи баргузории чунин чорабиниҳо, бо мақсади саҳмгузорӣ, таъмину тартиботи ҷамъиятӣ ва суботи ҷомеа, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, аз байн бурдани бегонапарастӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлолият барои ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия то ба имрӯз шаҳрвандони зиёде, аз ҳисоби ҷавонон, ба ҳайси кормандони ғайриштатии милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ ҷалб карда шуда истодаанд.
Рухшона Ҷӯраева – корманди масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: