Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Варзиш-гарави саломатӣ

Варзиш-гарави саломатӣ

17-03-2017, 10:37
Хабарро хонданд: 152 нафар
Назарҳо: 0
Варзиш-гарави саломатӣ[/center]
Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба таври ҳамешагӣ дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, махсусан баъди Истиқлолияти кишвар ба оммавӣ гардонидани варзиш таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта бештар гардид. Бахшида ба «Соли ҷавонон» ва гиромидошти хотираи сарбози дар хизмати ҳарбӣ ҳалокгардида Муродҷон Фӯлодов дар асоси нақша-чорабинии тасдиқгардида, дар варзишгоҳи деҳаи Нурободи ноҳияи Деваштич байни ҷавонони ноҳия мусобиқаи кушоди футбол баргузор гардид. Ҳадаф аз ташкил ва баргузории мусобиқаи футбол мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарони ноҳия, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва муайян намудани дастаи яккачини ноҳия мебошад.
Дар мусобиқаи мазкур ҷойи якумро дастаи деҳаи Даҳкати Ҷамоати деҳоти Росровут, ҷойи дуюмро дастаи деҳаи Нурободи Ҷамоати деҳоти Муҷун ва ҷойи сеюмро дастаи деҳаи Офтобрӯйи Ҷамоати деҳоти Росровут ишғол намуданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа ба ҳамаи ғолибон аз ҷониби муовини Раиси ноҳия Бунафша Ғиёсиддинзода Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва туҳфаҳои хотиравии сарпарастону бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ супорида шуд.
Лоиқ Тӯйчиев, мутахассиси бахши таблиғоту иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: