Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

7-09-2017, 17:00
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган
07.09.2017 19:11, шаҳри Душанбе
Дар нимаи дуюми 7 сентябри соли 2017 бо ибтикори ҷониби Туркия миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган суҳбати телефонӣ сурат пазируфт.

Дар ибтидои суҳбат сарони ду давлат таманниёти неки худро ба ҳамдигар ба муносибати таҷлили санаи хотирмон дар таърихи муосири муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия - 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии миёни ду кишвари бо ҳам дӯст иброз доштанд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум як силсила масъалаҳои мубрами дуҷониба ва байналмилалиро мавриди табодули афкор қарор доданд.

Сарвари давлати мо тазаккур доданд, ки муколамаи доимии сатҳи олӣ омили муҳими рушду таҳкими пайгиронаи муносиботи байнидавлатии Тоҷикистону Туркия дар шакли дуҷониба ва дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Дар ин замина паймон ҳосил гашт, ки санаи ташрифи расмии Президенти Туркия ба Тоҷикистон мушаххас хоҳад шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои байналмилалӣ сарони ду давлат дар робита ба вазъе, ки нисбат ба ҷомеаи мусулмонон дар кишвари Мянма ба амал омадааст, изҳори нигаронии ҷиддӣ намуданд. Онҳо афзоиши исломбадбиниро дар Мянма ва ҳамзамон ҳамлаҳои мусаллаҳонаи гурӯҳҳои иртиҷоиро дар Ракхайн қотеъона маҳкум карданд.

Аз ин лиҳоз ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли одилонаи ҳама гуна низоъҳои этникӣ ва мазҳабӣ сирф бар асоси муколамаи мусолиҳатомез изҳори ақида намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, то бо истифода аз воситаҳои муассир пеши роҳи чунин зуҳуроти хатарзо гирифта шавад.

Суҳбати телефонии сарони ду давлати дӯст дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳи ҷонибайнро низ фарогир буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: