Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

24-07-2017, 11:59
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

ДУШАНБЕ, 24.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо бо таманниёти беҳтарин Президенти Ӯзбекистони дӯстро бо ҷашни 60-солагии зодрӯзаш самимона муборакбодӣ намуданд.

Дар идомаи суҳбат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти самарабахши Шавкат Мирзиёевро дар маснади Роҳбари давлат дар ҷодаи таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Ӯзбекистон ва таҳкими обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ таъкид карданд.

Ҳамзамон манфиатдорӣ ба тавсеаву такомули пайгиронаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамчунин ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз гардида, ҷиҳати пешбурди муштараки ин раванд изҳори умед карда шуд.

Дар ин замина Сарони давлатҳо ҷиҳати саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири густариши беш аз пеши муносиботи шарикии ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони бародар, ки робитаҳояшон решаҳои амиқи таърихӣ доранд, изҳори ақида намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: