
Панҷ. Тибқи дастури муовини якуми раиси ҲХДТ муҳтарам Фаттоҳзода С.С., Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои фароҳамсозии шароит ва ҳалли мушкилоти табақаҳои камбизоати ҷомеа, аз ҷумла ятимон, бепарасторон, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ҷиҳати таъмини либос ва лавозимоти мактабӣ бахшида ба «Рӯзи дониш» санаи 30 августи соли 2017 дар саҳни бинои Кумитаи иҷроия Аксияи ҳизбӣ – хайриявӣ таҳти уновни «Роҳ ба сӯи мактаб» баргузор гардид.
Сараввал чорабиниро раиси КИН Ё.Носиров ҳусни ифттитоҳ бахшида, ҳамагонро бо таҷлили рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил, ки дар остонаи ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, табрику муборакбод намуд.
Дар чорабини узви раёсати КИН, муовини раиси ноҳия Шарифзода М.Ш. иштирок ва суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки дар тарбияи насли оянда ваба воя расонидани нерӯи тавонои ватандӯсту ватанпарвар нақши падару модар ва омӯзгорон ниҳоят калон аст.
Баъдан, тӯҳфаҳои тайёрнамуда, ки аз сару либоси мактабӣ ва ҷузвдони ашёҳои хониш иборат буданд ба 12 нафар кӯдакон тантанавор супорида шуданд, ки боиси хушҳолии онҳо гардид.
Ахиран якчанд нафар волидон изҳори миннатдории худро баён намуда, иброз доштанд фарзандонашонро дар рӯҳияи баланди маърифатӣ, илмомӯзӣ ва ватандӯстӣ ба воя мерасонанд, то ин ки дар оянда насли сазовору арзандаи Ватани худ бошанд.
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.