Бахшида ба Соли ҷавонон30-08-2017, 11:30
Хабарро хонданд: 515 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси Бахши намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар Литсейи давлатии ноҳияи Вахш, бахшида ба Соли ҷавонон, Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Пешвои миллат-ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон» баргузор гардид. Зимни баргузории Аксияи номбурда Одилҷон Маҳмадов раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, мудири шубаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Сафаралӣ Камолов, аъзои бахши намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан", омӯзгорони ҷавони ин боргоҳи маърифат ва фаъолону ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ҷамъомад Одилҷон Маҳмадов ва Ҳабибулло Файзуллоев роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия аз ғамхориҳои бевосита ва эътимоду боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ҳарф зада, ҳамагонро баҳри саҳм гузоштан дар рушду нумуи кишвари маҳбубамон- Тоҷикистони азиз ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани иду ҷашнҳои дарпешистодаи давлативу миллӣ даъват намуданд. Дар охир маводҳои таблиғотии ҳизбӣ, ки дар он аксҳои Пешвои миллат бо ҷавонон тасвир ёфтааст, дастраси ҳамагон гардонида, чунин ҳамоишу аксияҳои ҳизбӣ дар ҳудуди ноҳияи Вахш идома доранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.