
Бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанг, либоси миллӣ ва шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб, маҷмуи чорабиниҳо ва сӯҳбату вохӯриҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор намудаи стодааст.
Дар ҳамин радиф санаи 21.08.2017 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати стандарт» чунин вохӯрӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор карда шуд.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Валиева Саъбагул ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати стандарт» Сафаров Ҳикматулло вобаста ба риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои боз ҳам устувори рукнҳои фарҳанги миллӣ ибрози ақида намуданд.