Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Баррасии масъалаҳои муҳим дар маҷлиси раёсат

Баррасии масъалаҳои муҳим дар маҷлиси раёсат

11-07-2017, 10:15
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
Баррасии масъалаҳои муҳим дар маҷлиси раёсат
ИСФАРА. Маҷлиси раёсати кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо иштироки раиси шаҳри Исфара Расулзода Д.Ҷ., аъзои шӯрои собиқадорон, фаъолони ҳизб, ҷавонони ҳизбӣ, як зумра роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони васоити ахбори омма, кормандони дастгоҳи кумитаи иҷроияи шаҳрӣ баргузор гардид ва масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор дод:
1. Рафти амалигашти самтҳои фаъолияти кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар соли 2017 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (5-уми январи соли 2017) дар самти кор бо собиқадорони ҳизб.
2. Рафти амалигашти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми январи соли 2016 ҷиҳати пурра бо омӯзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
3. Даъвати маҷлиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара.
4. Тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар бораи қабул ба сафи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон.
Аз рӯйи масъалаи аввал раиси шӯрои шаҳрии собиқадорони ҳизб Аҳмадов О. гузориш пеш овард ва собиқадорони ҳизб Собитова К.О., Раҳимова Б.Р. фаъолияти шӯроро хуб арзёбӣ ва бобати пешбурди фаъолият таклифҳои худро баён намуданд. Аз рӯйи масъалаи дуюм раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Асадуллоев Б.Ҷ. бобати рафти амалигашти Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми январи соли 2016 ҷиҳати пурра бо омӯзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва аз 22-юми декабри соли 2016 ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо муаллимони баландихтисос, ҳалли масъалаи норасоии омӯзгорон, бо кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани мактабҳои деҳот, ташкилу роҳандозии муттасили захираи кадрҳои омӯзгорӣ, ҳавасмандгардонии ҷавонон барои интихоби пешаи омӯзгорӣ дар минтақаҳои эҳтиёҷманд ба омӯзгорон андешаронӣ ва сардори раёсати маорифи шаҳр Саидзода Б.М. дар хусуси ҳолати таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ ва супоридани ҳуҷҷатҳо ба Маркази миллии тестӣ дар деҳоти Чоркӯҳ, Сурх, Хонобод ибрози ақида намуданд. Раиси шаҳри Исфара Расулзода Д.Ҷ. масъалаҳои баррасишударо амиқ таҳлил ва бобати пешбурди кор вазифагузорӣ кард. Аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Собиқадорони ҳизб ба якчанд нафар ҷавонон, ки Барнома ва Оинномаи ҳизбро эътироф карда, ба сафи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пазируфта шудаанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супориданд. Ғолибони озмуни шаҳрии ваҳдатсароён омӯзгори литсейи №1 Абдуллоева Ш. ва узви Иттифоқи журналистон, собиқадори меҳнат Маҳкамов С. бо диплом ва туҳфаи хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: