Ҳифзи арзишҳои милливу фарҳанги масъалаи мубрам23-08-2017, 09:44
Хабарро хонданд: 191 нафар
Назарҳо: 0
22 августи соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо иштироки роҳбарият ва аъзои Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия, ташкилоти ибтидоии “Ҷонфидо”-и маъюбони Чернобили ноҳия ташкилоти ибтидоии “Башардӯст”-и Кумитаи кор бо ҷанговарони интернасионалист дар ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолият ва ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангиву инсониву ҷамъомад доир гардид. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ дар ин чороабинӣ ширкат доштанд. Таъкид гардид, ки аъзои ташкилотҳои номбурда шахсоне ҳастанд, ки аз оқибатҳои ҷанг, зарарҳои моддиву ҷонӣ ва маънавии он ба хубӣ огаҳанд. 26 сол қабл низ ба сари мардуми тоҷик ҷанги таҳмилие омад, ки зарарҳои зиёди моддиву маънавӣ овард. Қариб 10 сол Хукумати ҷавони Тоҷикистон ва мардуми тоҷик паи ободиву барқарорсозии оқибатҳои ин ҷанг саъю талош намуданд. Нахуст Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурезаҳои тоҷикро ба Ватан бозгардонд ва ба онҳо умеду боварӣ бахшид, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намуд. Ҳамин тариқ харобаҳо ободу боғу хиёбонҳо хуррам ва муассисаҳои давлативу иҷтимоӣ барқарору бунёд гардиданд ва ин раванд то имрӯз идома дорад. Имрӯз Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушд қарор дорад. Дар фарҷом зикр гардид, барои ҳифзи дастоварду арзишҳои миллӣ ҷавононро мебояд дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ, ғурур ва худшиносии миллӣ тарбия намуд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ин масъала аз масъалаҳои муҳиму мубрам маҳсуб меёбад. Сафаралӣ Нурмаҳмадов, раиси Шӯрои собиқадорони чангу меҳнати ноҳия, Абдухалил Маҳмудов раиси ташкилоти ибтидоии “Башардӯст” изҳор доштанд, ки бо аъзои ташкилотҳояшон дар мавриди ҳифзи арзишҳои маънавию миллӣ ва инсонӣ чамъомад доир намуда, миёни ҷавонон ин мавзӯҳоро баррасӣ менамоянд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.