Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шопури Бузург-шоҳаншоҳе, ки пой ба тахтапушти императори Рим ниҳода буд

Шопури Бузург-шоҳаншоҳе, ки пой ба тахтапушти императори Рим ниҳода буд

4-01-2018, 10:54
Хабарро хонданд: 1332 нафар
Назарҳо: 0
Шопури Бузург-шоҳаншоҳе, ки пой ба тахтапушти императори Рим ниҳода буд
Тибқи фарзияе, ки дар осори гаронбаҳои «Корномаи Ардашери Бобакон» омадааст, шоҳ Шопур (241-272) метавонист ба дунё наояд. Ҳамсари Ардашер-асосгузори сулолаи Сосониён, духтари рақиби ӯ Артабон буд. Бо маслиҳати бародаронаш ӯ мехост бо воситаи додани заҳр шоҳро бикушад. Ардашер аз ин огаҳ шуд ва сари ғазаб фармони қатли ҳамсарашро содир кард. Ҳамсараш дар моҳи ҳафтуми ҳомиладорӣ буд. Мӯбади Бузург медонист, ки шоҳ қадре ором шуда, қарори худро тағйир хоҳад дод, бинобар ин шоҳбонуро дар ҷойи бехавфе пинҳон кард. Ҳамин тавр ҳам сурат гирифт-шоҳ аз кирдори хеш пушаймон шуд. Баъд аз замоне ҳамсарашро назди ӯ оварданд.
Муҳаммад ат-Табарӣ, таърихнигори машҳур, муаллифи «Таърих ал-русул в-ал-мулук» бо каме тағйирот ин устураи романтикиро ҳифз намуд. Тибқи нигоштаи ӯ, Ардашери Бобакон қасам хӯрда буд, ки тамоми зурриёти Аршакиёнро нобуд хоҳад сохт. Ӯ нафаҳмида бо духтари Артабони 5 Аршакӣ издивоҷ намуд, чун шоҳдухтари аршакӣ асли хешро пинҳон намуда, худро хидматгордухтар вонамуд карда буд. Ҳангоме, ки ӯ аз Ардашер ҳомиладор шуд, ҳақиқатро ба ӯ ошкор намуд. Шоҳ фармон дод, ки шаҳбонуро бикушанд. Аммо, чуноне дар боло қайд гардид, ӯро зимомдори баландпоя раҳм намуд ва пинҳон кард. Шоҳ аз бефарзандӣ азият кашид, зимомдор шаҳбонуи писар таваллудкардаро наздаш овард. Хурсандии Ардашерро сарҳад набуд.
Шоҳаншоҳи хушбахт ҳамсарашро бахшид ва писарашро қабул кард. Ҳангоме, ки ӯ аз писари акнун гӯёаш номашро пурсид, ӯ ҷавоб дод: «Шопур». Ардашер нидо кард: «Оре, ту Шоҳ Пур (писари шоҳ) ҳастӣ!!!». Ардашер ба Аҳуромаздо (Офаридгори Ягона) барои беосеб расонидани писараш сано хонд.
Шопури Бузург-шоҳаншоҳе, ки пой ба тахтапушти императори Рим ниҳода буд
Аммо устураҳоро ин ҷо як сӯ мегузорем, чи қадаре, ки онҳо латофати худро надошта бошанд... Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки Шопури 1 хеле барвақт аз сарнагунсозии сулолаи парфиёнии Аршакиён ба дунё омада буд ва ҳамроҳи падар дар набардҳо алайҳи парфиёниҳо (ин ҳам аҷдоди мо) иштирок дошт-дар бораи ин навиштаҷоти Фирӯзобод шаҳодат медиҳад. Таърихнигори араб ибни Масъуд менигорад, ки Ардашер аз тамоми фарзандон Шопурро аз ҳама ҷасур ва боистеъдод меҳисобид. Ҳамчунин фарзияе ҳаст, ки Ардашери Бобакон дар солҳои охири ҳукмрониаш бо писараш якҷоя давлатро идора мекард. Оид ба ин тангаҳои замони Ардашер шаҳодат медиҳанд, ки дар онҳо шоҳаншоҳ рӯ ба рӯ бо ҷавоне ҳаккокӣ шудаанд ва ин ҷавонро таърихнигорон ҳамчун Шопур қабул доранд. Ғайр аз ин, ишораи дуҳокимиятӣ дар Эрон дар сарчашмаҳои римӣ низ зикр гардидааст-соли 242 император Гордиани 3 дар номаи худ нақл мекунад, ки Антиохияро аз «шоҳони форс озод кардааст».
Ғолиби императорҳо
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали нишастан ба тахт диққати асосии Шопур ба ҳудудҳои ғарбии кишвар равона шуда буд. «Қазияи шарқӣ» акнун ҳалли худро ёфта буд-хоразмиҳо, дайламиҳо, гирканиҳо ва дигар ақвоми эронинажод ба Шопур мутеъ шуда буданд. Ҳарифи асосӣ дар Ғарб боқӣ мемонд-аз ин сабаб ӯ як қатор амалиёти ҳарбиро алайҳи римиҳо оғоз намуд.
Ҷанги нахустин бо Рим соли 242 оғоз гардид, замоне, ки артиши римӣ ба Эрон ҳуҷум кард ва баъд аз якчанд набарди бобарор рӯ ба рӯи яке аз пойтахтҳои Сосониён-шаҳри Ктесифон (Тайсафун) қарор гирифт. Аммо ин ҷо барор аз римиён рӯ тофт-аввал лашкаршаш Тимесифей, баъд аз як сол худи император Гордиан ҳалок гардиданд. Маҳсуб мегардад, ки марги нобаҳангоми ин ашхоси маъруф бозиҳои пасипардагии Филиппи Араб буд, ки он замон аллакай ба мақоми императорӣ даст пайдо намуд. Баъд аз соҳиб шудан ба тахти римӣ Филиппи Араб бо Сосониён сулҳ мебандад ва тибқи шаҳодати таърихнигорони давр, ба Эрон ҷуброн мепардозад. Аз нобасарусомониҳои кишвари Рим замони ҳукмронии Филиппи Араб истифода бурда, Шопур музофоти римии Арманистонро забт кард ва бо ин амалаш таъсири Римро дар Шарқ маҳдуд сохт.
Амалиёти навбатии Шопур дар Ғарб бояд соли 250 оғоз мегардид, ҳангоме ки артиши ӯ ба Месопотамия зада даромад. Аммо мушкилот дар музофоти шарқӣ-Хуросони баъдина дахолати ӯро талаб кард. Бо душманони дохилӣ ҳисобро баробар намуда, Шопур боз ба Ғарб рӯ овард, ки он ҷо лобалои артиши римӣ қарор гирифт. Набарди асосӣ наздики мавзеи Барбалисса, дар соҳилҳои Фурот рух дод, ки ин ҷо лашкари сосонӣ артиши Римро торумор намуд. Ин муваффақияти Шопур ҳалкунанда буд-артиши ӯ Антиохия-шаҳри бузургтарини музофотҳои шарқии Римро ба даст оварда, Арманистонро пурра забт кард. Шопур писари худ Ҳурмуздро волии Арманистон таъин карда, ба шарафи фатҳи Антиохия шаҳри Гунди Шопурро бунёд гузошт ва ба он антиохиягиҳоро кӯчонид.
Ин соли 271 милодӣ ба вуқӯъ пайваст. Асирони кӯчонидашуда суриягиҳо ва римиҳои насронӣ (равияи несторианӣ) буданд. Гунди Шопур баъдан ба маркази зеҳниятии империяи Сосониён табдил гашт. Ва аз рӯйи бузургии масоҳат дуввум баъд аз Тайсафун. Шаҳр махсусан дар замони шоҳаншоҳи сосонӣ Хусрави 1 (531-579) ба сатҳи олии рушд расид. Ин ҷо мактаби олии тиббии суриёӣ-юнонӣ таъсис гардид, ки баъдан ба аъроби фотеҳ ва умуман мардумони мусалмон таъсири бузург расонид. Олимони суриягӣ (юнонӣ) бисёре аз дастхатҳои илмиро аз забонҳои юнонӣ ва лотинӣ ба арабӣ гардониданд. Ҳамин буд, ки илми тиб миёни мусалмонон ривоҷ ёфт ва маҳз ҳамин хидмати олимони асир боис гардиданд, ки онҳо даст ба хиради Юнону Рум ва Эрону Ҳинди Бостонӣ пайдо кунанд. Натиҷа ин аст, ки миёни мусалмонон низ истеъдодҳои беназир рӯйи кор омаданд. Тариқи мисол, Абуалӣ ибни Синои Бузург, ки қобилияти худододӣ дошт ва ба китобхонаи Бухоро роҳ ёфта, ба хиради Элладаву Риму Эрону Ҳинди Бостон даррасид ва истеъдоди хешро такмил додаву ба мақоми «Шайхурраис» даст ёфт. Ва агар Гунди Шопур намебуд, кӣ медонад, ки маҷрои илми тиб ва дигар улум дар Шарқ чи гуна ҷараён мегирифт ва оё чунин баландпарвозиҳоро, ки мо дар симои аҷдоди бузурги даврони баъдазисломии хеш мебинем, шоҳид мешудем ё на…
Дар ҳайати «комплекс»-и Гунди Шопур мактаби тиббӣ, бемористон, озмоишгоҳи фармакологӣ, мактаби тарҷумаи навиштаҷоти тиббӣ, китобхонаи беназир ва обсерватория (расадхона) дохил буданд. Табибони ҳиндӣ низ ба рушди мактаби тиббии Гунди Шопур саҳми боризи худро гузоштанд.
Гунди Шопур соли 636 аз ҷониби аъроб фатҳ карда шуд. Дар аҳди халифа Маъмун хатмкунандагони академияи Гунди Шопур дар таъсиси «Хонаи Хирад»-и Бағдод (соли 832) асос гузоштанд. Аммо баъд Гунди Шопур рӯ ба таназзул ниҳод. Бисёр осори арзишманд ба нобудӣ расонида шуд, чун эълон гардид, ки «ягона манбаи хирад Қуръон аст». Ҷоҳилият ба маърифатпарварӣ дастболо гардид.
«Хонаи Хирад»-и Бағдод, ки асосашро юнониҳову римиҳо гузоштанд, дар пешбурди илмҳо ва омода намудани уламои Шарқ хидмати беандоза намуд. Дар замони халифа Маъмун бо ташаббуси ӯ ба назди императори Византия Леви 5 Арманӣ бо мақсади овардани дастхатҳои илмии гаронарзиши юнонӣ сафорат фиристода шуд (ин ҷо ривояти аҷибе аз Абу Довуд мавҷуд аст-тибқи он, ба хоби халифа Маъмун худи Арастуи Бузург даромад ва эълон дошт, ки осораш ба дини ислом мухолифат надорад. Баъд аз ин халифа тасмим гирифт, ки осори бебаҳои хирадмандони Юнон ба арабӣ тарҷума карда шаванд ва мусалмонон аз уқёнуси хиради Эллада ғизову баҳра бигиранд).
Сарвари мутарҷимони «Хонаи Хирад» олими юнонӣ (несторианӣ) Ҳунайн ибни Исҳоқ ал-Ибодӣ буд, ки донандаи 4 забон будаву хидматҳояш бо тилло қадр мешуданд (ҳаҷми тиллои додашуда аз вазни осори тарҷумашуда вобаста буд). Ҳунайн (ӯ чунин исми арабӣ гирифта буд) ба забони арабӣ осори бебаҳои Афлотун, Арасту ва тафсиргарони онҳо, осори 3 асосгузор ва олимони бузурги илми тибби Юнони Қадим-Гиппократ, Гален (Ҷолинус) ва Диоскоридро тарҷума кард, ки баъдан барои рӯйи кор омадани бузургоне чун Синову Розиву дигар истеъдодҳо боис гардиданд. Бисёр нобиғагони Шарқ ин ҷо фаъолият доштанд, аз қабили ал-Хоразмӣ, ал-Фарғонӣ, ал-Ҷавҳарӣ, ал-Киндӣ, Собит ибни Қуррову даҳҳои дигар бузургон.
Миёни «арастуиён»-и бағдодӣ на танҳо мусулмонон, балки насрониёну зардуштиёну яҳудиён низ буданд. Ҳаракати мутарҷимии олимони ғайриисломӣ ғаш ва нафрату зиддияти мутаассибони исломиро меовард, аммо ҳомии ин олимон форсҳои баландмақоми мусалмоншуда буданд, ки онҳоро сарпарастӣ ва ҳифз мекарданд. Онҳо Эронро сарчашмаи ҳамаи донишҳо меҳисобиданд, ки гӯё ин донишҳоро юнониён аз муғони зардуштӣ ҳангоми империяи бузурги Ҳахоманишиёнро истило кардани писари Филиппи Мақдунӣ-Искандар (Александр) дуздидаанд (аз ҷониби Александр сӯзонидани Авастои Бузург дар зеҳнияти эронинажодон нақши мазбути манфӣ гузошта буд). Меҳнати мутарҷимонро ин форсҳои воломақом ҳамчун бозгашти дубораи осори гаронбаҳои аздастрафтаи аҷдодӣ меҳисобиданд.
Дар ин даргоҳи маърифат осори гаронбаҳои аҷдоди мо, чун Занд (Авасто) бо куллиёти ҳифзгардидааш, «Фарҳанги паҳлавӣ», «Дотистони диник», «Ривоёти паҳлавӣ», «Ардавирофнома», «Мотикони ҳазор дотистон», «Менуи Хирад», «Худойнома», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Маздакнома», «Ёдгори Зарирон», «Аржанг», «Пандномаи Бузургмеҳр», «Андарзнома»-ҳои Озарбаду Хусрави Қубод ва дигар ҳифз ва тадрис дода мешуданд. Осори бузурги ҳакимони Ҳинди Бостон (аз хешовандони ориёии мо) низ дар Гунди Шопур мақоми арзанда доштанд.
Аммо «Хонаи Хирад»-ро низ сарнавишти фоҷиабори Гунди Шопур интизор буд. Баъд аз забти Бағдод аз ҷониби хони муғул Ҳалоку соли 1258 он хароб гардид ва бо фармони хон китобҳои бебаҳои «Хонаи Хирад» ба дарёи Даҷла афканда шуданд. Боз ҷоҳилияти кӯчӣ ба маърифати шаҳрнишинӣ ғолиб омад…

Шопур маротибаи саввум бо Рим соли 260 бархӯрд намуд. Ин навбат рақиби ӯ император Публий Литсиний Валериан буд, ки барои гирифтани қасос ба барқарор намудани шарафи Рим ва бозгардонидани ҳудудҳои аздастрафта бо лашкари бузург ба хоки давлати Солсониён ҳуҷум намуд. Набарди асосӣ назди шаҳри калидӣ ва мавзеи машҳури Эдесса сурат гирифт. Ин ҷанг низ бо ғалабаи Шопури Бузург ба анҷом расид. Ин юриш барои Валериан ва лашкариёнаш бо фоҷиа анҷомид-ӯ бо наздиконаш ба асорат афтид (нахустин маротиба дар ҷангҳои форсу римӣ асир шудани ҳоким) ва тибқи баъзе маълумот, дучори азобу шиканҷа қарор гирифт.
Таърихнигорони исавӣ баъдан чунин нигоштанд, ки император барои насрониёнро дар кишвараш фишору зӯроварӣ намудан дучори чунин азобҳо ва шармандагӣ шудааст. Албатта, ин ҳамон асотири мазҳабиёни ҳар давру замон ва адёни мухталиф аст, ки пайравонашонро бо он «сер мекунанд». Рӯҳонияти ҳар адёну боварҳо ҳамчун «корпоратсия»-ҳои хуб тарҳрезишуда қарнҳо усулҳои таъсири равонӣ ба тӯдаи мардумро суфта кардаву сайқал додаанд ва аз ин моҳирона истифода мебурданду мебаранд. Ин «корпоратсия»-қишри рӯҳоният-аз муваффақтарин сохтаи гурӯҳи муайяни ҳушманди одамон аст, ки бо истифода аз он ба тамоми неъматҳои моддиву маънавӣ даст пайдо кардаанд ва бо таъсиррасонӣ ба «равони тӯда» («психология толпы») ба зеҳнияти миллиардҳо нафар тӯли таърих таъсир расонидаву то ҳол мерасонанд. Фоҷеаи Валериан аз сабабҳои ноҷӯри ҳарбӣ барои римиён ва истеъдоди лашкаркашии Шопур сар зад, аммо ҳамин далели хуш надоштани императори римӣ масеҳиёнро боис гардид, ки рӯҳоният афсонаи навбатиро барои пайравон эҷод кунад ва абадан дар зеҳнияти насрониёни мутаассиб мағлубияти Валериан ва ба асорат афтидани ӯ ҳамчун «ҷазои Худовандӣ» нақш баст.
Оид ба асорати Валериан нигоҳҳо мухталифанд. Ва агар ҳатто фарзияи бо таври хиёнаткорона ҳангоми гуфтушунид ба даст овардани императори Римро ба назар гирем, ин ба ҳеҷ ваҷҳ истеъдоди лашкаркашии Шопурро кам нахоҳад кард. Тибқи яке аз фарзияҳо, Валериан назди Шопур нақши ғуломро иҷро мекард-масалан, ҳангоми нишастан ба асп ӯ бояд пушти худро ба Шоҳаншоҳ ҳамчун «зина» вогузор мекард.
Ба ин ғалаба дар Эрон аҳамияти бузург (дар навбати аввал-идеологӣ) медоданд. То ба мо аз он замон чаҳор ёдгории релйефӣ дар гӯшаҳои гуногуни Эрон расидаанд. Дар яке аз онҳо-«Нақши Рустам»-Валериан сари зону назди Шопури дар тахт нишаста ҳаккокӣ шудааст. Сарчашмаҳои хаттӣ низ нисбати ин ҳаводис вуҷуд доранд.
Асирони римӣ ба Гунди Шопур (Хузистон) бурда шуданд, ки дар сохтани банде дар дарёи Қорун, ки баъдан бо номи «Банди Қайсар» машҳур гардид, истифода гардиданд. То ин замон Рими муқтадир чунин шармандагиро надида буд…
Баъд аз ғалаба дар Эдесса дарҳои Сурия ба форсҳо кушода шуданд. Артиши Шопур дуввумбора пойтахти он-Антиохияро ба даст даровард. Чуноне аз сарчашмаҳо бармеояд, ин ҳодиса чунон босуръат рух дод, ки сокинони шаҳр ҳатто нафаҳмиданд, ки он аллакай ба дасти форсҳо гузаштааст. Оид ба ин таърихнигори римӣ Аммиан Мартселлин чунин нигоштааст:
«Боре дар Антиохия…як ҳунарманди мимикӣ бо ҳамсараш ҳангоми баромади саҳнавӣ лаҳзаҳои ҳаётиро бо сабки баланд иҷро мекард ва тамошобинон шефтаи ҳунари воло шуда буданд. Баногоҳ зани ӯ нидо кард: «Агар ин хоб набошад, ман форсҳоро мебинам». Издиҳом ба қафо нигоҳ кард ва аз тирҳои чун борон рехтаи форсҳо ҳар кас куҷое метавонист, фирор намуд. Шаҳр ба оташ кашида шуда буд, шумораи бузурги одамон кушта гардиданд ва душман бо ғанимати бузург ба маконаш баргашт». (Amm. Marc. 5.3.).
Оре, ин акнун футуввати Куруши Кабир ва Дориюши Бузург набуд, муттаассифона, ки замони Ҳахоманишиён дар хотири милали мағлуб мусбӣ нақш баста буданд…Ғайр аз Сурия вилоятҳои римӣ дар Осиёи Хурд-Киликия, Каппадокия, ҳамчунин Арманистони Хурд қурбони ҳамлаҳои форсҳо гардиданд. Ҳуҷумҳо барқосо буданд, барои ҳамин ҳам сипоҳ монда шуд ва ғаниматро ба даст оварда, ба фориғболӣ даст зад. Вазъро барои Рим дар минтақа нобаҳангом пайдо шудани лашкаркаши римӣ Каллист қадре беҳтар намуд. Ба ӯ муяссар гашт аввал пешрафти форсҳоро боздорад, баъдан онҳоро ба ақибнишинӣ водор намояд. Дар роҳи бозгашт ҳангоми гузаштан аз рӯди Фурот лашкари заифшудаи форсҳо дучори ҳамлаи ҳокими Палмира (оре, ҳамон Палмирае, ки дар Сурия аст ва дар рӯихати мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид асту аз дасти ҷоҳилони ДИИШ ёдгориҳои бебаҳои он анқариб нобуд гардиданд) Публий Септимий Оденат гашт. Зиёда аз ин, амалиёти ҳарбии Оденат ончунон босуръат ва бобарор буданд, ки палмирагиҳо ба сипоҳи форсҳо ҷуброни зиёд расонида, Нисибис ва Месопотамияи Болоро фатҳ карда, форсҳоро то пойтахти Сосониён-Тайсафун бурданд. Хидматҳои Оденат аз ҷониби Рим қадрдонӣ гардиданд. Писар ва вориси Валериан Публий Литсиний Эгнат Галлиен (253-268) ба ӯ унвони «император» дода, тамоми сипоҳи дар Шарқ қарордоштаи Римро ба ӯ вогузошт.
Аз ҳамин замон давраи нашъунамои Палмира оғоз мегардад. Ин ҷо метавон зиёд нисбати ин ҳарф зад, аммо мо мухтасаран баён хоҳем сохт. Оденат сиёсати мустақилона мебурд. Тайсафунро дуввумбора ба муҳосира гирифт. Пеш аз ин якчанд лашкаркашони форс ба асорати ӯ афтиданд ва ба Рим бурда шуданд. Аммо муҳосираи Тайсафун бесамар баромад-ҷамъ кардани қувва барои ҳифзи пойтахт аз гӯшаҳои гуногуни давлати Сосониён, ҳамчунин шароити ба сарбозони бегонаи маҳал Оденатро маҷбур сохтанд, ки муҳосираро қатъ созад. Ба Палмира баргашта, ӯ қурбони сӯиқасд гардид. Ба ҷои ӯ ҳамсараш-зани серғайрат Зенобия (ки исми маъмули «Зайнаб» аз он гирифта шудааст) сари тахт нишаст ва сиёсати мустақилонаро пеш мебурд. Ин, албатта, ба Рим роҳати зиёд намеовард. Ахиран, «косаи сабр»-и императори Рим Лутсий Домитсий Аврелиан (270-275) «лабрез» шуда, ӯ Палмираро забт кард ва мустақилияти онро барҳам зад. Зенобияи серғайрат ба Рим бурда шуд ва дар ҳавлие наздикии «Шаҳри абадӣ» маскун гардид…
Замони Шопури 1 боз аз он ҷиҳат барои мо ҷолиб аст, ки асосгузори ҷараёни фалсафӣ-динии машҳур Монӣ зуҳур намуд. Оид ба тақдири фоҷиавии Монӣ, машҳур ва паҳн гаштани монавия дар ҳудудҳои бузург ва таъсири он ба дигар ҷараёнҳои фалсафӣ-эътиқодии баъдинаву муносибати ин шахсияти таърихӣ бо шоҳаншоҳони форс мавзӯи дигарест, ки оянда ба қадри имкон ба он даст хоҳем зад.
Ҳамон соли 272 милодӣ риштаи умри Шопури 1 канда шуд. Бо марги ӯ лаҳзаи аввал ва аз ҳама драматикии муносибатҳои Эрону Рим ба анҷом расид. Рими муқтадир дар «пӯсти худ» иқтидори ҳамсояи нави хеш-Сосониёнро эҳсос намуд ва бархӯрди аввалини ӯ бо Эрони Бузурги дуввумбора эҳёгардида (баъд аз танаффуси чандинасраи заволи Ҳахоманишиёни Бузург) ба фоидаи империяи ғарбӣ дар умум наанҷомид. Дар харитаи сиёсии минтақа бозигари нав рӯи саҳна омад. Акнун империяи нав-Сосониёнро давраҳои нашъунамову пастравӣ интизор буд, ки ахиран бо зарбаҳои бодиянишинон фурӯ рехт. Аммо ин мавзӯи матлаби дигарамон хоҳад буд.
Инак, мо қадре тавонистем оид ба ҷадди бузурги хеш-Шопури 1 мухтасаран маълумот додем. Шоҳаншоҳе, ки ҳокими Рим ва афроди баландпояи онро асир гирифта, дар сохтмон истифода бурд ва ба тахтапушти императори Рими овозадор пой ниҳода, ба аспи худ савор мешуд…Ин аст шаммае аз таърихи дурахшони қадимаи мо. Боқӣ, хуш бошед ва матлабҳои баъдинаи моро интиҳзор.
Азамат Дӯстов



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: