Шукри ободии Ватан мекунем22-08-2017, 10:29
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
ПАНҶАКЕНТ. Истиқлолият бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар охири садаи бистум аст. Дар давоми 26 соли Истиқлол мардуми тољик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди мушкилоту монеаҳо, таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштанд ва ба корҳои азими созандагӣ оғоз намуданд. Аз рӯзҳои аввали ин марҳилаи нав сиҳатии мардум аз беҳтарин боигарии давлат эълон шуда, дар доираи ислоҳоти соҳа барои ноил гардидан ба сатҳи баланди хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуд. Тавре медонем, тандурустии мардуми кишвар таҳти таваҷҷӯҳи доимии давлат ва ҳукумати мамлакат буда, бо мақсади ҳифзи саломатии онҳо андешидани чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст. Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон нишонаи олии эҳтирому эътиқоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони саодатманди кишвар ва дар меҳвари сиёсати иҷтимоии ҳукумат қарор доштани ин қишри ояндасози кишвар мебошад. Соли ҷавонон барои ҷавонони кишвар имтиҳон ва масъулияти басо бузург аст, ки таҷлили онро бо дили соф, содиқона ва бо иқдомҳои созандаи меҳанпарастона, ҳамчун пайравони Пешвои миллат сазовору шоиста пешвоз мегирем ва ба ояндагон як ҷашнвораи бузурги ҷавонӣ мерос мегузорем. Бахшида ба ин Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Панҷакент ва бо дастгирии кумиҷроияи шаҳрӣ нақшаи чорабиниҳоро дар Соли ҷавонон, аз ҷумла амалӣ намудани силсила чорабиниҳоро миёни ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр таҳти унвони «Мо ҷавонон пайравони Пешвои миллатем» ба роҳ монда якчанд мулоқоту сӯҳбатҳо аз ҷумла баргузории Шӯрои ҷавонон, аёдати аскарон аз кисмҳои низомии ноҳияи Восеъ ва Кӯлоб, семенарҳо, коференсияҳо ва мулоқот бо ҷавонон аз Ҷамоатҳои деҳоти шаҳр дар мавзӯи «Террорист ватан миллат надорад гузаронида шуд. Аз ҷумла барои баланд бардоштани мавқеи сиёсии ҷавонон дар ҷомеа 5 Озмуни фарҳангӣ, 5 мусобиқаи варзишӣ, 7 Озмуни илмӣ-маърифатӣ миёни табақаҳои гуногуни соҳаҳои ҷамъият ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинии фарҳангиву фароғатӣ, ки дар Донишкадаи Омӯзгории Тоҷикистон баропо гардид, ки роҳбарияти Кумитаи иҷроияии ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, донишҷӯён ва аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и дар шаҳри Панҷакент фаъолона иштирок намуданд. Дар ҷамбасти чорабинӣ ба ҳамаи ғолибони ҷойҳои фахрии озмунҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ва Раёсати Донишкадаи Омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ҷоиза, диплом, Ҷом ва тӯҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.