Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар шаҳри Панҷакент Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот оғоз шуд

Дар шаҳри Панҷакент Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот оғоз шуд

5-08-2017, 11:30
Хабарро хонданд: 157 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаҳри Панҷакент Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 05.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Панҷакент бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панчакент Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот байни мардон ва бонувон оғоз ёфт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент Некрӯзи Муҳаммадсодиқ хабар дод, дар чемпионати мазкур 24 нафар варзишгарон аз шаҳри Панҷакент, вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок мекунанд.

Ба иттилои номбурда, дар шаҳри Панҷакент дастовардҳои ин бозии қадимӣ зиёд буда, борҳо дар ин шаҳр мусобиқаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ гузаронида шудаанд.

Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот байни мардон ва бонувон то 13 август идома ёфта, ғолибони он бо медал, сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент қадрдонӣ мешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: