Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САВГАНДИ ҲАЁТ БАРОИ НАВХОНАДОРОН

САВГАНДИ ҲАЁТ БАРОИ НАВХОНАДОРОН

14-08-2017, 09:08
Хабарро хонданд: 212 нафар
Назарҳо: 0
САВГАНДИ ҲАЁТ БАРОИ НАВХОНАДОРОН
Сокини маҳаллаи Файзободи шаҳраки Ғончӣ Ҳоҷӣ Замонхоҷа Аъзамхонов ҳам аз илми дунявӣ ва ҳам аз илми динӣ бархурдор аст. Бобою бобокалонҳояш аз ҷумлаи уламои дин маҳсуб меёфтанд. Падари бузургвораш Аъзамхон Валиев ҳарчанд аз улуми дин бохабар буданд, ҳамчун боғбони моҳир «Мичурин»-и тоҷикон шинохта шудаанд. Дар шароити иқлими Ғончӣ ба хурмою лимӯпарварӣ шуғл доштанд. Лимӯзорашон мактаби таҷриба гардида буд.
Инак андешаҳои Ҳоҷӣ Замонхоҷа Аъзамхоновро, ки муроҷиат ба навхонадорон, аҳли зиё ва уламоҳо нисбати мустаҳкам гардондани оилаҳои ҷавон мебошад, пешкаши хонандагон гардонда, онҳоро ба баҳсу мунозира атрофи ин масъала даъват менамоем.
Дар ҳаёт мактабе ҳаст, ки ба он бидуни имтиҳон дохил мешавӣ, аз курси кӯтоҳмуддат ҳам намегузарӣ, аммо диплом мегирӣ. Диплом ин шаҳодатномаи ақди никоҳ аст. Имтиҳони мактаби ҳаётро бошад, арӯсу домод он вақт месупоранд, ки фарзандонашонро тарбия карда, ба воя расонанд, хонадор кунанд, яъне қарзи падарию модарии худро пурра адо карда тавонанд. То ин имтиҳони ҳаётро супурдан бори гарони ташвишу тараддуд ба сари падару модар бор аст.
Ҳар як падару модар бо орзую омоли нек фарзанд калон мекунад, барои тарбияташон мекӯшад, мехоҳад, ки барои писараш аз оилаҳои дилхоҳ арӯси муносиб ёбад, духтарашро ба ҷое ба шавҳар барорад, ки аз он ҷой осояд, хушбахту саодатманд гардад.
Фарзандони азиз! Шумо ба балоғат расидед. Волидон бо орзую ҳавасҳои зиёд тӯйи хонадоршавиатонро гузаронида, ба мақсадашон расиданд. Акнун арӯсу домод ба ивази хизматҳои падару модар чӣ подоше бармегардонанд? Ана ҳамин масъала марбут ба савганди мактаби ҳаёт аст.
Савганди мактаби ҳаётро дар вақти гузарондани хутбаи никоҳ ман ба навхонадорон меомӯзонам. Ба онҳо савол медиҳаму ҷавобашро ҳам худам мегардонам. Мегӯям, ки арӯсу домоди азиз, шумо, ки бо сару либоси арӯсию домодӣ назди волидайн, ёру дӯстон, дугонаю ҷӯраҳоятон нишаста, ба остонаи ҳаёти мустақилона қадам мегузоред, ана дар ҳамин ҳолат аз дилатон чӣ мегузаронед?
Шумо бояд савганди мактаби ҳаётро ёдовар шавед ва зери лаб такрор кунед, ки мазмунан чунин аст:
Ба ман Офаридгор ҳамин ҷавонро (писар ё духтар бо номаш) тақдиру насиб гардондааст. Аз ҳамин лаҳза савганд мехӯрам, ки хизмати ҳар ду оила, бобою бибӣ, падару модар, хоҳару додар, хурду калони оиларо карда, дуоҳои пиронро гирифта, дар ҳама ҳолат – сиҳатию беморӣ, шодию андуҳ, мушкилоти зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳашон шуда, фарзандони солеҳ, ба Ватан, падару модар, ба Президент содиқ тарбия мекунам! То ҳаёт ҳаст бо ҳамсарам дар як болин сар монда, бори шикасту рехти оиларо баробар бар дӯш мегирам.
Ин савганди ҳаёт аст. Мукофоти онҳо барои волидон чист?
Мукофоти фарзандон ба волидайн зиндагии хушу хуррамона, иззату эҳтироми ҳамдигарии арӯсу домод аст. Чеҳраи кушода, муомилаи хуш, риояи одоби шарқиёна аз ҳама мукофоти олӣ барои падару модар аст. Аз ин лиҳоз, ҳамеша кӯшиш кунед, ки дар хона хушу хурсанд ва чеҳрахандон боошед.
Духтарро то ба шавҳар баромадан модар тарбият мекунад. Баъди ба шавҳар баромаданаш ба ӯ мактаби ҳаётро хушдоман ва куҳансолони ҳамон хонадон меомӯзонанд. Шумо, духтарони азиз, ба ин бояд омода бошед. Ба даргоҳи шавҳар, ки омадед, кӯшиш кунед, то ба ҳамон муҳит мутобиқ гардед. Боодобу боибо бошед, кору рафтори нек кунед.
Арӯс ба хонадони домод ки омад, фарзанди ҳамин хонадон ҳисоб меёбад. Бинобар ин дар ҳаёт бо одобу рафтор намуна шавед. Ситеза кардан, иллату миннат кардан, дурӯғ гуфтан боиси кулфату ғурбат мешавад. Ба пурию камии оила қаноат кардан лозим аст.
Духтарони азиз! Кӯшиш намоед, ки бо рафтору кирдори нек ба меҳру муҳаббати шавҳар, волидони ӯ шарафёб шавед. Инсонро дӯсташ ҳам забон, душманаш ҳам забон аст. Барои ин хушсухану хушзабон бошед, ба хубу лаббай одат кунед. Лафзи бад бошад, боиси вайроншавии оила мегардад. Дониста монед, ки духтар то ба шавҳар баромадан дар оғӯши падару модар меғунҷад, аз шавҳар ҷудо шавад, дар оғӯши падару модар намеғунҷад. Баръакс, боиси ранҷурии онҳо мешавад. Падару модар бори мушкили хонавайронии духтарро бардошта наметавонанд. Шавҳари дигар кунад, модарандар ном мегирад.
Писарони азиз! Шумо ҳам бояд оиларо устувор нигоҳ доред. Барои ҳамсарони худ ёри вафодор шавед. Бо ҳар гуна баҳонаҳои ночиз қалби нозукашро наранҷонед. Дар оила баробарии мард ва зан асоси зиндагонист. Падару модар, хешу табори ҳамсари худро иззату эҳтиром кунед, ҳурматашонро ба ҷо оред. Зеро, қарсак аз ду даст аст.
Ман ба аҳли зиё, уламо, қонунгузорон, бонувони рӯзгордида, пирони хирад муроҷиат мекунам, ки як дастурамали ҳаётие барои навхонадорон мураттаб созем, ки он савганди ҳаёт ном дошта бошад. Чӣ хеле ки аскарбачаҳо савганди ҳарбӣ ёд мекунанд, арӯсу домод низ пеш аз қайди никоҳ савганди ҳаёт хӯранду дар шоҳидии дугонаҳо, хешу таборон ба шаҳодатномаи ақди никоҳ имзо гузоранд.
Бовар дорам, ки тантанаи қасамёдкунӣ як умр дар хотири навхонадорон нақш мебандад ва онҳо пос доштани эҳтироми қасами ҳаётро ба дӯш мегиранд.
Барои ҳар ҷавон 3 маротиба дарвозаи бахт кушода мешавад. Аввалан, соҳибмаълумот гаштан, дуюм, ба ёри муносиб хонадор шудан ва сеюм, фарзанддор шудану онро тарбия намудан аст. Бигзор дари ҳар се бахт ба рӯи навхонадорон ҳамеша кушода бошад!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: