ИМА омодагиҳои ҳарбии Белорусу Русияро бодиққат назорат мекунад4-08-2017, 10:43
Хабарро хонданд: 115 нафар
Назарҳо: 0
Фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар тамринҳои Аврупо Ҷон Ҳелӣ мегӯяд, Вашингтон омодагиҳо ба тамрини муштараки низомии "Ғарб-2017"-и Русия ва Белорусро бодиққат назорат хоҳад кард. Ҳелӣ 3 август гуфт, Москва ба андозаи кофӣ "шаффоф" нест, зеро нозирони байналмилалиро ба ин тамрин даъват накардааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, намояндагони Русия дар машқҳои ахири ИМА ва НАТО дар минтақаи баҳри Сиёҳ ҳузур доштанд. Генерали амрикоӣ афзуд, ки ИМА ният дорад, дар посух ба таҳдидҳои рӯзафзуни амалҳои таҷовузкоронаи Русия соли 2018 ҳамроҳ бо ҳампаймонони худ ва НАТО 11 размоиши бузурги низомии ҳавоию баҳрӣ ва заминӣ баргузор кунад. Пештар хабар доданд, ки дар тамрини низомии "Ғарб-2017"-и Русия ва Белорус то 13 ҳазор низомӣ ва 680 техникаи ҳарбӣ иштирок хоҳанд кард. Тамрин аз 14 то 20 сентябр идома мекунад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.